Октябр 03, 2024 17:55 Asia/Dushanbe
  • Аҳамияти дучанди нишасти Давҳа бо тавваҷуҳ ба шароити минтақа

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳоле дар нишасти Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё дар Давҳаи Қатар ширкат кард, ки шароити ношӣ аз идомаи ҳамалот ва террорҳои рӯзафзуни режими саҳюнистӣ дар минтақа ва посухи кӯбандаи Эрон ба он, ниёз ба ҳамфикриву ҳамоҳангӣ миёни давлатҳои минтақаро беш аз пеш зарурат бахшидааст.

Масъуди Пизишкиён чаҳоршанбеи баъд аз зуҳри 11 меҳри 1403 (2 октябри 2024) пеш аз сафар ба Қатар дар нишасти хабарӣ дар фурудгоҳи Меҳробод изҳор дошт: Сафар ба Қатар ба даъвати расмии амири ин кишвар анҷом мешавад ва марбут ба баргузории Маҷмаи ҳамкориҳои кишварҳои Осиё аст. Ду ҳадафро дар ин сафар пайгирӣ мекунем: Яке инки бо давлати Қатар гуфтугӯҳое дар бораи таомулоти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дошта бошем, ки ба имзои тафоҳумоте хоҳад расид. Ҳадафи дувум, гуфтугӯ дар бораи вазъияти минтақа аст ва инки кишварҳои исломӣ ба чӣ шакле бояд бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.

Раиси Ҷумҳурии Эрон таъкид кард, ин амр барои водор кардани режими саҳюнистӣ ба даст бардоштан аз ҷиноёташ аст. Агар ғайр аз ин амал кунанд, табиатан аксуаламалҳои сахттаре хоҳанд дид. Умедворам битавонем дар нишаст бо амири Қатар ва дигар сарони кишварҳо моро ба як нигоҳу забони муштарак дар ин замина бирасонанд.

Он чӣ бар аҳамият ва зарурати нишасти Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё афзудааст, ин аст, ки кишварҳои минтақа баъд аз даври ҷадиди ҳамалоту ҷиноёти Исроил ва террори Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки бо истифода аз бомбаҳои сангаршикани эҳдоии Амрико сурат гирифт, ҳеҷ нишасте бо якдигар надоштаанду дархости Эрон барои баргузории нишасти фавқулодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ низ то кунун баргузор нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҷангафрӯзиҳои Натанёҳу танҳо ба меҳвари муқовимат маҳдуд намешавад, балки амнияти кулли минтақа ва чӣ басо ҷаҳонро таҳдид мекунад.

Аз ин рӯ бо тавваҷуҳ ба ҳузури бархе аз кишварҳои минтақа дар Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё, нишасти Давҳа фурсате низ барои ҳамфикриву ҳамоҳангии кишварҳои исломии минтақа барои муқобила бо ҷангафрӯзиҳои режими саҳюнистӣ ва шахси Натанёҳу фароҳам мекунад, зимни он ки дастури кори хоси худро низ дунбол мекунад.

Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё, мавсум ба ACD муташаккил аз 35 кишвари осиёӣ мебошад, ки беш аз 20 сол аст иртиқои гуфтугӯи дарун - осиёиро бо ҳадафи иҷрои пружаҳову барномаҳои мухталифи ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои иқтисодиву фарҳангӣ дар дастури кор дорад.

Аз меҳрмоҳи 1402 (2023) раёсати ин маҷмаъ бар уҳдаи Эрон будааст ва дар ҳошияи нишасти ахири Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк низ нишасти вузарои умури хориҷаи Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё ба раёсати Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд ва вай аз нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои узв дар тирмоҳи гузашта дар Теҳрон ба унвони нуқтаи атфе дар таърихи ҳамкориҳои кишварҳои узв ёд кард.

Аҳдофи аслии Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиёро метавон дар тарвиҷи ҳамкории кишварҳои осиёӣ дар ҳамаи нуқоти қувват ва фурсатҳои шиносоишуда хулоса кард, ки битавонад фақрро коҳиш додаву боиси пешрафти сатҳи зиндагии мардуми Осиё шавад.

Таҷрибаи ҳамгароии кишварҳо нишон медиҳад, ки ҳамгароӣ дар ҳавзаҳои сиёсати нарм метавонад нуқтаи оғози муносибе барои қораи куҳани Осиё бошад, ки ба навбати худ метавонад қаламравҳои иқтисодӣ ва ё фарҳангиро дар бар гирад.

Осиё бо бархӯрдорӣ аз зарфиятҳову тавонмандиҳои шоёне ҳамчун ҷамъияту сарватҳои табиӣ ва худодод, бистари муносибе барои дастёбӣ ба манофеи ҷамъӣ ва таҳаққуқи ҷаҳонии беҳтару инсонитар фароҳам карда аст.

Мавзӯоте ҳамчун нокоромадии бархе низомоти байналмилалӣ, якҷонибагароии мухаррибу ҳазинаофарини бархе қудратҳои ҷаҳонӣ, фақр ва беадолатӣ, тағйироти обу ҳавоӣ, амнияти ғизоӣ, амнияти энержӣ, балоёи табиӣ ва масоиле назири инҳо зарурати тадвини рӯйкардҳои ҷадиди осиёиро гӯшзад мекунад.

Ба ҳамин ҷиҳат Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони як давлати пешрав дар Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё, ҳамвора дар талош барои тақвияти таомулоти созандаи ду ва чандҷониба дар Осиё аст.

Нигоҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ба Осиё илова бар як нигоҳ ва чашмандози даруниосиёӣ, бар ин асос низ устувор аст, ки Осиё метавонад мотори тағйироте мусбат дар равандҳои ҷаҳонӣ ва муҳаррике қавӣ барои ҳамгароии байналмилалӣ бошад.

 

Барчасп