Эрон хостори иқдоми ҷомеаи байналмилалӣ барои посухгӯ кардани режими саҳюнистӣ шуд
Сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Женева хостори иқдоми фаврӣ барои посухгӯ кардани режими саҳюнистӣ барои ҷиноёт дар Лубнон ва Фаластин ва водор кардани ин режим барои таваққуфи ин таҷовузҳо шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Алӣ Баҳрайнӣ бо ирсоли ду номаи ҷудогона ба раиси кумитаи байналмилалии Салиби сурх ва комиссараияи оли ҳуқуқи башари Созмони милал, ҳамалоти режими саҳюнистӣ дар Бейрутро, ки ба шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли фақиди Ҳизбуллоҳи Лубнон ва ҳамроҳонаш мунҷар шуд, ба шиддат маҳкум кард ва онҳоро намоди боризи нақзи ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона донист.
Баҳрайнӣ дар идома ба истифодаи режими Исроил аз таслиҳоти сохти Амрико дар ин ҳамалот ишора кард ва ҳушдор дод: Ин нукта нишондиҳандаи ҳамдастии мустақими ғарбиҳо ба вежа Амрико дар иқдомоти низомии Исроил ва таъсири манфии он бар вазъияти ҳуқуқи башар дар минтақа аст.