Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон: Куштори урдӯгоҳи Ҷиболиё ҷинояти ҷангӣ аст
(last modified 2024-10-15T05:53:13+00:00 )
Октябр 15, 2024 10:53 Asia/Dushanbe
  • Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон
    Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон идомаи куштори мардуми бегуноҳи Фаластин аз сӯи режими саҳюнистиро ҷинояти ҷангӣ хонд.

Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон душанбешаб дар шабакаи иҷтимоии “X” навишт: Ҷинояти бомдоди душанбеи режими ишғолгари Исроил, ки бо куштори мардуми гуруснаву бегуноҳе, ки дар урдӯгоҳи Ҷиболиё дар сафи ғизо буданд, намоиши дигаре аз дарандахӯии режими наслкуши Исроил аст.

Сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон афзуд, ҳомиёну пуштибонону тавҷеҳгарони режими ишғолгари Исроил, ки беҷазо мондани режимро тазмин кардаанд, ба унвони ҳамдасту шарики ҷурми ин режим бояд посухгӯ бошанд.

Дар ҳоле ки 373 рӯз аз ҷанг дар борика Ғазза мегузарад, артиши ишғолгари Исроил ба ташдиди амалиёти низомии худ дар шимоли борикаи Ғазза идома медиҳад.

Тел-Авив бо таҳқири ҷомеаи байналмилалӣ ва нодида гирифтани қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои таваққуфи фаврии ҷанг дар борикаи Ғазза, ҳамчунон ба ҷиноёти наслкушӣ алайҳи сокинони ин минтақа, ба вижа занону кӯдакон идома медиҳад.

 

Барчасп