Таҳлил: Иттиҳоди уммати исломӣ рамзи пирӯзӣ бар режими саҳюнизм
(last modified 2024-10-15T10:26:59+00:00 )
Октябр 15, 2024 15:26 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Иттиҳоди уммати исломӣ рамзи пирӯзӣ бар режими саҳюнизм
    Таҳлил: Иттиҳоди уммати исломӣ рамзи пирӯзӣ бар режими саҳюнизм

Раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ бо баёни инки Эрон омодаи кумак ба эҷоди муфоҳимаи амниятии муштарак дар бораа хатари торихии режим саҳюнистӣ аст гуфт : Ҳар навъи ҳамкорӣ , кумак , гуфтугӯ пружаи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо режими саҳюнистӣ бояд мутаваққиф шавад.

Муҳаммадбоқири Қолибоф раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар нишасти фавқулодаи Иттиҳодияи маҷолиси кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ( PUIC ) дар ҳошияи яксаду чиҳилунуҳумин иҷлоси иттиҳодияи байналмаҷолиси ҷаҳонӣ ( IPU ) дар Женева афзӯд : Режими ҷаълии Исроил , ҳамаи зоҳирсозиҳоро канор зада ва бемуҳобо дар ҳоли ҷинояти алайҳи мусулмонон аст . Ин иттифоқи нест, ки фақат дар Ғазза ё Лубнон биафтад . Режими ғосиби Исроил барномаи бузург барои такрори ин ҷиноёт дар саросари қаламрави исломӣ дорад ва бо ҳимояти комили Амрико ва бархе кишварҳои ғарбӣ ба дунбол расидан ба нуқтае аст ки ҳар замон лозим донист , дар ҳар нуқтае аз ҷаҳони ислом , ҳар ҷиноятиро алайҳи ҳар раҳбари исломӣ анҷом бидиҳад ва аз ҳар муҷозотӣ масӯн бимонад . Ин масаълаи муштараки мост .

Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфт : Оё ҷаҳони ислом банност биистад ва фарогир шудани шарорат ба ҳамаи қаламрави худро назора кунад ? Ман чунин гумоне ба озодагону муҷоҳидони дунёӣ ислом надорам . Он рӯз ҳаргиз нахоҳад расид .

Мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора масъалаи Фаластинро муҳимтарин авлавияти ҷаҳони ислом эълом карда ва бар иттиҳоди миллатҳои мусулмои ҳавли арзишҳои муштараки исломӣ , барои ҳали мушкилоти ҷаҳони ислом ба вижа ҳали масъалаи Фаластин таъкид кардаанд .

Дар воқеъ иттиҳод , ҳамгароӣ ва мушорикати миёни мусулмонон дар ҳар нуқтае аз ҷаҳон ба вижа кишварҳои ғарби Осиё дар мавриди мавзӯъоти роҳбурдии ҷаҳони ислом ба вижа дар мувоҷеҳ бо Фаластин ва таҷовузоти Исроил мавзӯи муҳим ва асосӣ аст ; дар ин ростои баргузарии ҳамоишҳо ва нишастҳои минтақаӣ  ва ҷаҳонӣ барои наздикии миллатҳои мусулмон ҳамчунин эҷоди иттиҳодияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ яке аз роҳкорҳои асосӣ аст , аммо мавзӯъи муҳимтар роҳкори амалӣ ва мушорикати ҳамаҷониба барои иҷроӣ шудани тасмимоту ҳали буҳронҳо аст .

Чунон,кӣ ба рағми ҳамаи мавзиъгириҳои кишварҳои исломӣ алайҳи таҷовузоти Исроил дар амал ҳаводис ва рӯйдодҳои Фаластин ва Лубнон ва идомаи таҷовузоти Исроил нишон медиҳад ки бидуни ҳимояти амалӣ наметавон зулмӣ, ки дар ҳаққи мусулмонон шудааст , аз байн барад .

Дар ин замина « Қолибоф » раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон чанде пеш таъкид кард : Ҳар андозаи фишори афкори умумӣ бар давлатҳое, ки бо режими саҳюнистӣ иртибот доранд , бештар шавад , ин мавзӯъ барои онҳо пуриҳазинатар мешавад .

Акнӯн режими саҳюнистӣ талош мекунад шикастҳо ва нокомиҳои худро бо ҳамла ба неруҳои муқовимат ва густариши ҷанг ба Лубнон ҳамчунин идомаи таҷовузоти худ дар Ғазза бапушанд ; саҳюнистҳо ҳамчунин мехоҳанд монеъ аз иттиҳоди уммати исломӣ шаванд ва ба ҳамин далел ба илқои тарсу ихтилоф дар ҷаҳони исломи умед бастаанд.

Ҳақиқат инаст, ки акнӯн муқовимат зидди саҳюнистӣ дар минтақа ба кумаку ёрии уммати исломӣ чашм дӯхтааст . Душмани саҳюнистӣ дар шиканандатарин вазъияти таърихи манҳуси худ қарор дорад ва кишварҳои исломӣ дар мавқеъияти мунҳасир ба фард барои поён додан ба ин шарорати торихӣ дар минтақаи худ ҳастанд ; бинобарин ваҳдати уммати исломӣ ва ҳимояти амалӣ ва муассир аз муқовимат танҳо роҳ барои мутаваққиф кардани душмани саҳюнистӣ аст .

Қолибоф раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар ин замина дар ҳошияи Иҷлоси байналмаҷолиси ҷаҳонии IPU ) ) дар дидор бо «Ibrahim Boughali » раиси Маҷлиси Алҷазоир низ таъкид кард : Ман аз солҳои дур бо гуруҳҳои фаластинӣ ва лубнонӣ дар иртибот будам ва акнӯн дидам ки шароити ҷангӣ ин гуруҳҳоро бо якдигар мунсаҷим ва муттаҳид кардааст . Ба назар мерасад кишварҳои исломӣ акнӯн дар амал инсиҷоми бештарро маддиназар қарор додаанд .

Барчасп