Омодагии Эрон барои густариши ҳамкорӣ дар заминаи энержии бодӣ бо Афғонистон
(last modified 2024-10-16T05:02:15+00:00 )
Октябр 16, 2024 10:02 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои густариши ҳамкорӣ дар заминаи энержии бодӣ бо Афғонистон

Саҳоб - Мудиромили ширкати мудирияти тавлид, интиқолу тавзеъи нерӯи барқи Эрон, аз омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои тавсеаи ҳамкориҳо дар заминаи эҳдоси нерӯгоҳҳои бодӣ бо Афғонистон дар марзҳои ду кишвар хабар дод.

Бо таваҷҷуҳ ба вуҷӯди манотиқи бодхез, тарроҳӣ ва сохти осиёбҳои бодӣ аз 200 соли пеш аз мелоди Масеҳ дар Эрон роиҷ буда ва ҳамакнӯн низ бистари муносибе ҷиҳати густариши баҳрабардорӣ аз турбинҳои бодӣ фароҳам аст.

Ба гузориши ИРНА, Мустафо Раҷабии Машҳадӣ, мудир омили ширкати мудирияти тавлид, интиқолу тавзеъи неруи барқи Эрон аз барномарезӣ барои тавсеаи эҳдоси хутути интиқоли иртиботӣ бо сармоягузории ширкатҳои тавонманд ва фаъоли дохилӣ ва хориҷӣ хабар дод ва дар бораи вазъияти табодули барқ байни Эрону Афғонистон, ки аз соли 2002 оғоз шуда ва токунӯн идома дорад, афзуд, содироти барқи Эрон ба Афғонистон аз тариқи хутути интиқоли иртиботӣ ва бо авлавияти соатҳои ғайри авҷи масрафи барқ дар Эрон анҷом мешавад.

 

Барчасп