Шиллики Қоонӣ ба мошини тавлиди ахбори ҷаълии Ғарб
(last modified Thu, 17 Oct 2024 13:04:54 GMT )
Октябр 17, 2024 18:04 Asia/Dushanbe
  • Шиллики Қоонӣ ба мошини тавлиди ахбори ҷаълии Ғарб

Порс тудей - Фармондеҳи неруи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо ҳузур дар маросими умумӣ, ҷанги равонии расонаҳои ғарбиро ба шикасти фоҳише кашонд.

Ба гузориши Порс тудей, рӯзномаи байналмилалии “Теҳрон таймс” дар матлабе бо таҳлили рафтори расонаҳои ғарбӣ дар хабарсозӣ перомуни сардор Қоонӣ навишт: “Бетарафӣ ва садоқат, сутунҳои аслии рӯзноманигории масъулона башумор мераванд, ё ҳаддиақал ин тавр гуфта мешавад; бо ин ҳол, дар расонаҳои ғарбӣ, ҷонибдории ошкор аз режими Исроилу тааҳҳуди бечуну чаро ба манофеи он, ба ҳар қимате, ки бошад беш аз ҳар замони дигаре намоён шудааст.

Расонаҳои ғарбӣ ба бозигароне фаъол дар сафед кардани чеҳраи режиме табдил шудаанд, ки аъмоли ғайриқобили тасаввуре алайҳи башарият муртакиб мешавад. Ин раванди шармовар, ки замоне ҳаддиақал ба хотири риояти заррае аз усӯли ахлоқии рӯзноманигорӣ маҳдӯд буд, акнӯн ба ҷаъли комили ахбор расидааст. Ҳатто асли содаи иҷтиноб аз дурӯғҳои ошкору мукаррар низ дар соли гузашта канор гузошта шудааст.

Аз 15 меҳри 1402, Интернет пур аз достонҳои ҷаълӣ дар бораи Ҳамос, фаластиниҳо, лубнониҳо ва ҳатто эрониҳо шудааст. Дар миёни ин достонҳои сохтагӣ, иддаоҳои ҳавлноке чун сар буридани навзодони исроилӣ тавассути Ҳамос, бомбаборони бемористони Ал Араби Ал Аҳлӣ ва истифода аз маконҳои ғайринизомӣ ба унвони сипари дифоӣ вуҷӯд дорад. Аммо ҳатто ин достонҳои бадном дар муқоиса бо иддаоҳои музҳике, ки дар ҳафтаҳои ахир дар мавриди маҳали ҳузуру вазъияти саломатии фармондеҳи неруии Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ба гӯш расидааст, мумкин аст, мантиқӣ ба назар барисанд.

Дар ибтидо гузориш шуда буд, ки сардор Исмоили Қоонӣ дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба як сохтумони маскӯнӣ дар ҷануби Бейрут, ки дар 5 меҳр мунҷар ба шаҳодати дабири кулли Ҳизбуллоҳ Сайдҳасан Насруллоҳ шуд, ба шаҳодат расидааст. Сипоҳи посдорон таъйид кард, ки яке аз фармондеҳони аршадаш, сардор Нилфурӯшон, низ дар ин ҳамла ба шаҳодат расидааст.

Пас аз инки пайкарҳои қурбониёни ин ҳамлаи исроилӣ, шиносоӣ шуданд, расонаҳои ғарбӣ мавҷи ҷадиде аз иттилооти нодурустро мунташир карданд. Онҳо иддао карданд, ки сардор Қоонӣ дар ин ҳамла ба шиддати маҷрӯҳ шуда, аммо зинда мондааст. Ин ҷаъли хабар сипас бо ин иддао тақвият шуд, ки фармондеҳи неруи Қудс бо ҳавопаймои вазири хориҷаи Эрон, Аббоси Ироқчӣ, ки сафари кӯтоҳ ба Бейрӯт дошт, ба Теҳрон бозгаштааст.

Вақте яке аз мақомоти олирутбаи сипоҳ дар ниҳоят ба шоиот перомуни вазъияти саломатии Қоонӣ вокуниш нишон дод ва қотеъона шаҳодат ё маҷрӯҳ шудани ӯро рад кард, дастгоҳи расонаии Ғарб маҷбур ба ҷаъли дурӯғи дигаре шуд. Ин бор, достони тахайюлӣ аз сайти хабарии «Middle East Eye», як вебсайти мустақар дар Англия, ки гуфта мешавад, тавассути давлати Қатар ҳимояти молӣ мешавад, мунташир шуд.

Як хабарнигори ироқӣ, ки ба мавзеи хасмонааш нисбат ба муқовимат маърӯф аст, дар 18 меҳр гузориш дод, ки “даҳ манба дар Теҳрон, Бейрут ва Бағдод” гуфтаанд, ки Қоонӣ “ таҳти муҳофизат” буда ва ба далели нақши ӯ дар “нақзи иттилооте”, ки мунҷар ба террори Сайидҳасан Насруллоҳ шуд, “бозҷӯӣ мешавад”.

Расонаҳои дигар низ қадам фаротар гузошта ва иддао карданд, ки Қоонӣ дар ҷараёни бозҷӯӣ дучори “ҳамлаи қалбӣ” шудааст. Аммо фармондеҳе, ки дар тӯли танҳо ду ҳафтаи эълом шуда буд кушта, захмӣ ва боздошт шудааст, рӯзи сешанбе дар маросими умумӣ зоҳир шуд.

Қоонӣ дар маросими ташйиъи пайкари шаҳиди Нилфурушон дар канори ҳамкорони худ дар Сипоҳи посдорону дигар мақомоти эронӣ ширкат кард ва комилани солиму ором ба назар мерасид. Ӯ дар ҳоли дуо ва гуфтугӯ бо дигар ҳуззор дида шуд ва тамомии иддаоҳои матраҳ шуда тавассути расонаҳои ғарбиро дар рӯзҳои ахир рад кард.

Расонаҳои ғарбӣ чӣ мекунанд?

Сардор Қоонӣ монанди салафи худ, шаҳид Сулаймонӣ ба кам зуҳӯр будан дар умум ва адами таъомул бо расонаҳо маъруф аст. Афроде монанди ӯ маъмулан фақат дар маросимоти расмӣ, ки тамоми сутӯҳи мақомоти эронӣ ҳузур доранд, дида мешаванд. Бинобар ин, инки расонаҳои ғарбӣ бо барҷаста кардани “ғайбати тӯлонӣ аз анзори умумӣ” ва саъй карданд дар мавриди маҳали ҳузураш тардид эҷод кунанд, аз ҳамон ибтидо музҳик буд.

Сайидризо Садрулҳусайнӣ, коршиноси Ғарби Осиё, гуфт: “Ман фикр мекунам, илова бар талош барои тазъифи рӯҳияи неруҳои муқовимат, расонаҳои ғарбӣ бо ҳамкории сервисҳои ҷосӯсии исроилӣ ва амрикоӣ барои радёбии Қоонӣ ва фаъолиятҳои ӯ талош кардаанд. Чаро ки ҷамъоварии иттилоот дар мавриди фармондиҳони неруи Қудс ба таври машҳур душвор аст.”

Ин коршинос ҳушдор дод, ки чунин ҳамкориҳои наздику мукаррар бо созмонҳои ҷосӯсӣ ба таври ғайриқобили баргаште эътибори расонаҳои ғарбиро хадшадор хоҳад кард, фароянде, ки ҳамакнӯн оғоз шудааст.

Эътимоди умумӣ ба расонаҳои ғарбӣ ба суръат дар ҳоли фарсоиш аст. Расонаҳое монанди Ройтерз ва Ню-Йорк таймс, ки замоне ба унвони манобе муътабари иттилоотӣ шинохта мешуданд, акнӯн ба далели тамоюли ошкор ба таҳрифи ҳақиқат бо шакқу тардиди фазояндае рӯбарӯ ҳастанд. Рӯзҳои пазириши кӯркӯронаи ривоятҳои онон дар ҳоли поён аст, зеро шумори фазояндае аз афрод ба дунболи манобеи ҷойгузини иттилоот ҳастанд.