Паёми раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар пайи шаҳодати муҷоҳиди қаҳрамон Яҳё Синвор
(last modified 2024-10-19T05:45:25+00:00 )
Октябр 19, 2024 10:45 Asia/Dushanbe
  • Паёми раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар пайи шаҳодати муҷоҳиди қаҳрамон Яҳё Синвор

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо таҷлил аз муҷоҳиди қаҳрамон, фармондеҳ Яҳё Синвор таъкид карданд: Ҷабҳаи муқовимат ҳамонгуна, ки қаблан бо шаҳодати барҷастагони худ аз пешравӣ боз намонд, бо шаҳодати Синвор ҳам камтарин таваққуфе нахоҳад дошт.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме хитоб ба миллатҳои мусулмону ҷавонони ғаюри минтақа бо таҷлил аз муҷоҳиди қаҳрамон, фармондеҳ Яҳё Синвор афзуданд: Муҷоҳиди қаҳрамон, фармондеҳ Яҳё Синвор, чеҳрае дурахшони муқовимату муҷоҳидат бо азми пӯлодин дар баробари душмани золиму мутаҷовиз истод, бо тадбиру шуҷоат ба ӯ силӣ  зад, зарбаи ҷуброннопазири ҳафтуми октябрро дар таърихи ин минтақа ба ёдгор гузошту онгоҳ бо иззату сарбаландӣ ба меъроҷи шаҳидон парвоз кард.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ фармуданд: Касе чун ӯ, ки умреро ба мубориза бо душмани ғосибу золим гузарондааст, саранҷоме ҷуз шаҳодати шоистаи ӯ нест.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Фиқдони фармондеҳ Яҳё Синвор барои ҷабҳаи муқовимат албатта дарднок аст, вале ин ҷабҳа бо шаҳодати барҷастагоне чун Шайх Аҳмад Ёсин, Фатҳи Шиқоқӣ, Рантисӣ ва Исмоил Ҳания аз пешравӣ боз намонд, ва бо шаҳодати Синвор ҳам камтарин таваққуфе нахоҳад дошт; Ҳамос зиндааст ва зинда хоҳад монд.

Яҳё Синвор, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) рӯзи чаҳоршанбе (16 октябр) дар ҳоли набард бо душмани ишғолгари саҳюнистӣ дар шаҳри Рафаҳ (ҷануби Борикаи Ғазза) ба шаҳодат расид.

 

Барчасп