Истиқболи корбарони мисрӣ аз суфориши ғазои Ироқчи
(last modified 2024-10-21T08:59:07+00:00 )
Октябр 21, 2024 13:59 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи корбарони мисрӣ аз суфориши ғазои Ироқчи
    Истиқболи корбарони мисрӣ аз суфориши ғазои Ироқчи

Саҳоб- суфориши ғизои вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳошияи сафари ахираш ба Миср аз суи корбарони мисрӣ дар фазои маҷозӣ истиқбол шуд.

Сайид Аббос Ироқчи, вазири умури хориҷаи Эрон, дар ҳоле, ки дар як тарабхона дар минтақаи Ал-Балади Қоҳира ба Кошарӣ, як таоми суннатии Миср, дастур дод, ки корбарони мисрӣ дар фазои маҷозӣ истиқбол карданд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, дастури ғизои Ироқчи, ки дар чаҳорчуби “дипломатияи мардуми” таъйид шудааст, таваҷҷуҳи корбарони мисрӣ ба таври қобили мулоҳизаро ҷалб карда аст.

Дар ин росто теъдоди зиёди корбарони мисрӣ аз Ироқчи хостаанд, ки “Фалафел”-и мисрӣ бихуранд ва бархеи дигар аз ғизое бо номи “Фоул” ёдовар шуданд.

Қобили зикр аст, ки Ал-Кашрӣ, таоми машҳури мисриён, аз омехтаи биринҷ ва наск, нахӯд, макарон ва ҳанут омода мешавад.

Барчасп