Густариши ҳамкориҳои муҳитизистии Эрону Ҷопон - талош барои коҳиши интишори карбон
(last modified Fri, 25 Oct 2024 15:34:42 GMT )
Октябр 25, 2024 20:34 Asia/Dushanbe
  • Ҷопон ва Эрон ҳамкории муҳитизистиро тақвият медиҳанд
    Ҷопон ва Эрон ҳамкории муҳитизистиро тақвият медиҳанд

ParsToday. Раиси Созмони ҳифозати муҳити зисти Эрон бо таъкид бар алоқамандии Теҳрон барои густариши ҳамкориҳои муҳитизистӣ бо Ҷопон гуфт, зарфиятҳои зиёде  барои ҳамкориҳои муштарак дар ҳавзаи масоили муҳити зист вуҷуд дорад, ки бояд фаъол шавад.

Шийно Ансорӣ, раиси Созмони ҳифозати муҳити зисти Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Тасукодо Томоки, сафири Ҷопон дар Теҳрон бо таъкид бар алоқамандии Эрон барои тавсеаи ҳамкориҳои муҳитизистӣ бо Ҷопон гуфт: Эрон барои мувоҷиҳа бо тағйироти иқлимӣ ва коҳиши интишори карбон аз ҳамфикриву ҳамкории муштарак истиқбол мекунад.

Ба гузориши “Порс-тудей”, ба нақл аз ИРНА, раиси Созмони ҳифозати муҳити зисти Эрон дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва таърихии Эрону Ҷопон бар зарурати идомаи ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаи муҳити зист таъкид кард.

Сафири Ҷопон дар Теҳрон низ дар ин дидор гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ин ки имконоти билқувваи хубе барои тақвияту густариши ҳамкориҳо байни Токио - Теҳрон вуҷуд дорад, давлати Ҷопон эҳёи дарёчаи Урумия дар Эронро яке аз муҳимтарин пружаҳои кориаш қарор додааст.

Вай ҳамчунин бо баёни ин ки Ҷопон дар заминаи толобҳо, муҳити зисти дарёӣ ва дар ҳавзаи биёбонзудоӣ ва муқобила бо гарду ғубор ҳам дорои таҷрибиёти бисёр хубе аст, аз омодагии Ҷопон барои густариши ҳамкориҳо бо Эрон дар ҳавзаи омӯзишу тавонмандсозии муҳитизистӣ хабар дод.

 

Барчасп