Қаҳрамонии Эрон дар куштии фарангии камтар аз 23 соли ҷаҳон
(last modified Fri, 25 Oct 2024 15:42:58 GMT )
Октябр 25, 2024 20:42 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии Эрон дар куштии фарангии зери 23 солаҳои ҷаҳон
    Қаҳрамонии Эрон дар куштии фарангии зери 23 солаҳои ҷаҳон

ParsToday. Тими куштии фарангии зери 23 соли Ҷумҳурии исломии Эрон бо касби 3 медали тилло ва 4 бронз (биринҷӣ), қаҳрамони мусобиқоти ҷаҳонии куштии фарангии Албания шуд.

Фарангикорони зери 23 соли Эрон бо касби 3 нишони тилло ва 4 бронз ва маҷмӯи 149 имтиёз, муқтадирона бар саккӯи нахусти рақобатҳои ҷаҳонӣ дар Албания истоданд.

Ба гузориши ParsToday, Алӣ Аҳмадии Вафо дар вазни 55 килограм, Муҳаммади Ноқусӣ дар вазни 82 килограм ва Фардини Ҳидоятӣ дар вазни 130 килограм дар ин рақобатҳо барои Эрон медали тилло касб карданд.

Ирфони Ҷарканӣ дар вазни 63 килограм, Дониёли Суҳробӣ дар вазни 72 килограм, Алии Уску дар вазни 77 килограм ва Шоёни Ҳабибзореъ дар вазни 97 килограм ҳам муваффақ ба касби чаҳор медали бронз барои Эрон шуданд.

Пас аз тими миллии Эрон тимҳои Гурҷистон бо 121 ва Арманистон бо 93 имтиёз ба тартиб дуюм ва сеюм шуданд.

Ин рақобатҳо аз 30 меҳр то дувуми обон (21 то 23 октябр) дар шаҳри Тирана (Албания) баргузор шуд.

 

Барчасп