Шаҳодати ду размандаи артиши Эрон дар муқобила бо таҷовузи режими саҳюнистӣ
(last modified Sat, 26 Oct 2024 16:20:04 GMT )
Октябр 26, 2024 21:20 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати ду размандаи артиши Эрон дар муқобила бо таҷовузи режими саҳюнистӣ

Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз шаҳодат ду размандаи ин неру дар ҳини муқобила бо таҷовузи бомдод(шанбе)-и режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иттилоияе эълом кард: Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои дифоъ аз ҳарими амнияти Эрон ва ҷилавгирӣ аз осеб ба миллат ва манофеи Эрон, ду тан аз размандагони худро дар ҳини муқобила бо партобаҳои режими ҷинояткори саҳюнистӣ фидо кард.

Гуфтанист, режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз(шанбе) дар иқдоме танишзо, нуқоте аз марокизи низомӣ дар устонҳои Теҳрон, Хузистон ва Иломро мавриди ҳуҷум қарор дод, ки сомонаи якпорчаи падофанди ҳавоии Эрон зимни раҳгирӣ тавонист муқобилаи муваффақ бо ин иқдоми таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ дошта бошад.

Бар асоси ин иттилоия, осебҳои маҳдуд низ ба бархе аз нуқот ворид шуда, ки абъоди ҳодиса дар дасти баррасӣ аст.