Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Эрону Арабистон дар бораи таҳаввулоти минтақа
(last modified Tue, 29 Oct 2024 04:53:33 GMT )
Октябр 29, 2024 09:53 Asia/Dushanbe
  • Ройзании вазирони хориҷаи Эрону Арабистон
    Ройзании вазирони хориҷаи Эрону Арабистон

Вазирони умури хориҷаи Эрону Арабистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо якдигар, дар бораи таҳаввулоти минтақа ва аҳамияти ҷилавгирӣ аз анҷоми иқдомоте, ки боиси ба хатар афтодани амнияту суботи минтақа мешавад, таъкид карданд.

Файсал бин Фарҳон, вазири умури хориҷаи Арабистон рӯзи душанбе бо Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон телефонӣ ройзанӣ кард.

Дар ин тамоси телефонӣ тарафайн дар бораи равобити дуҷонибаи Эрону Арабистон ва охирин таҳаввулоти минтақа ва ҳамчунин паёмадҳои афзоиши таниш баҳсу табодули назар карданд.

Режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико аз ҳафтуми октябри 2023 (15 меҳри 1402) ҷанги вайронгареро алайҳи сокинони борикаи Ғазза ба роҳ андохта, ки бар асари он афзун бар вайрониҳои азиму қаҳтии маргбор, беш аз 43 ҳазор фаластинӣ, ки бештари онҳо зану кӯдак ҳастанд, шаҳид ва беш аз сад ҳазор нафар ҳам захмӣ шудаанд.