Ироқчӣ: Саҳюнистҳо аз каналҳои ҳавоии Амрико ба Эрон таҷовуз карданд
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ҳузури низомии Амрико дар минтақа гуфт: Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ аз канале, ки Амрико дуруст карда таҷовузи ахир ба Эронро ба анҷом расонданд.
Режими саҳюнистӣ 26 октябр дар иқдоме танишзо, нуқоте аз марокизи низомӣ дар устонҳои Теҳрон, Хузистону Иломро мавриди ҳуҷум қарор дод, ки сомонаи якпорчаи падофанди ҳавоии Эрон зимни раҳгирӣ, тавонист муқобилаи муваффақ бо ин иқдоми таҷовузкоронаи режими Исроил дошта бошад. Бар асоси иттилоияи равобити умумии қароргоҳи падофанди ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон, осебҳои маҳдуде низ ба бархе аз нуқот ворид шудааст.
Ба гузориши шабакаи Саҳоб ба нақл аз ИРНА, Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз чаҳоршанбе дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати давлат дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт: Режими саҳюнистӣ илова бар Ироқ аз осмони кишварҳои дигар ҳам дар ҳамлаи ахир ба Эрон истифода кардааст.
Ироқчӣ дар посух ба суоле дар бораи ройзанӣ бо Ироқ дар мавзӯи истифодаи ғайри қонунии Исроил аз ҳарими ҳавоии Ироқ унвон дошт: Гузоришҳое вуҷӯд дорад, ки аз фазои Ироқ истифода шуда ва ройзаниҳо бо тарафи ироқӣ барои шикояти Ироқ аз режими саҳюнистӣ дар сатҳи байналмилалӣ дар ҳоли пайгирӣ аст.