Имом Хоманаӣ: Режими саҳюнистӣ ва Амрико посухи дандоншикан дарёфт хоҳанд кард
(last modified Sat, 02 Nov 2024 17:26:17 GMT )
Ноябр 02, 2024 22:26 Asia/Dushanbe
  • Имом Хоманаӣ: Режими саҳюнистӣ ва Амрико посухи дандоншикан дарёфт хоҳанд кард

Порс тудей - Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо табйини илали асосии муборизаи ҳаддиақали 70 солаи миллати Эрон бо зулму зиёдахоҳиҳои Амрико таъкид карданд: Дар ин масири пирӯзмандона, режими саҳюнистӣ ва Амрико дар қиболи ҳар иқдоми зидди миллати Эрон, қатъани посухи дандоншикане хоҳанд гирифт.

Гузидаи суханронӣ - Ба гузориши Порс тудей, имом Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ дар дидори ҳазорон нафар аз донишомӯзону донишҷӯёни Эрон бо ишора ба пешниҳоди яке аз донишҷӯён дар заминаи чӣ гунагии муқобила бо истикбор гуфтанд: Ҳама бидонанд дар ин мубориза, ҳар иқдоми лозими низомӣ, таслеҳотӣ ва сиёсӣ барои омодагии миллати Эрон, анҷом хоҳад шуд ва масъулон ҳамакнун низ машғӯли ин гуна корҳо ҳастанд.

Эшон, муборизаи миллати Эрон бо истикборро амре доим, мустамар ва дар матни зиндагии миллат хонданд ва афзуданд: Ҳаракати куллии миллату масъулон дар муқобила бо истикбори ҷаҳонӣ ва дастгоҳи ҷинояткори ҳоким бар назми ҷаҳонии кунунӣ, ҳаракате мантиқӣ ва мунтабиқ бо дину шаръ ва ахлоқу қавонини байналмилалӣ аст ва миллату масъулон дар ин ҷиҳат ҳечгуна таъаллул ва кӯтоҳӣ нахоҳанд кард.

Раҳбари инқилоб, баёнияи теъдоди зиёде аз анҷуманҳои илмии донишҷӯёни Амрико алайҳи фарҳангу тамаддуни Ғарб ва иқдомоти Амрико ва дифои онҳо аз кишварҳо ва миллатҳои мазлӯмро нишонае дигар аз муваффақияту пешравии ҳаракати муқобила бо истикбор хонданд ва афзуданд: Ин мубориза рӯз ба рӯз шиддат хоҳад ёфту миллати Эрон ва миллатҳои мазлӯму ҷабҳаи муқовимат низ қатъан пешрафт хоҳанд кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, ҷиноёти фаҷеъи режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва куштори 50 ҳазор тан, ки аксари онон занон ва кӯдакон ҳастанду фоҷеаҳои кунунӣ дар Лубнонро, ки ҳамагӣ бо пуштибонӣ ва мушорикати вақеҳона ва сариҳи таслеҳотӣ ва сиёсии Амрико дар ҳоли анҷом аст, боиси расвоии иддаоҳои ҳуқуқи башарии онҳо хонданд ва гуфтанд: Дунё имрӯз мутаваҷҷеҳ шудааст, ки муддаиёни ҷинояткори ҳуқуқи башар, ки инсонҳои бузурге ҳамчун Насруллоҳ, Ҳания ва Сулаймониро террорист меноманд, худашон бонди террористӣ ва бонди ҷинояткор ҳастанд.

Имом Хоманаӣ, азиз будани миллати Эрон дар афкори умумии дунёро бо вуҷӯди талошҳои густардаи дастгоҳҳои расонаии низоми султа, нишонае аз асаргузории муборизаи муваффақу мантиқии Ҷумҳурии исломӣ донистанд ва гуфтанд: Инки пас аз амалиёти “Ваъдаи содиқ”, мардум дар хиёбонҳои кишварҳои мухталиф шодӣ мекунанд, яъне ҳаракати миллати Эрон, мавриди қабули мантиқи байналмилалӣ ва албатта мантиқи исломӣ ва қуръонӣ аст.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар поён хотирнишон карданд: Ба тавфиқи илоҳӣ, бо ин ҳаракати исломӣ ва инсонӣ, миллати Эрону ҷабҳаи муқовимат ҷойгоҳи худро дар дунё пайдо хоҳад кард ва қатъан душманро шикаст хоҳад дод.