Тафсир - Азми Эрону Арабистон барои таъмиқи равобит
(last modified Thu, 14 Nov 2024 14:13:54 GMT )
Ноябр 14, 2024 19:13 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Азми Эрону Арабистон барои таъмиқи равобит

Фаёз бин Ҳомид Ал Рувли, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Арабистони Саудӣ дар садри як ҳайати олирутбаи низомӣ, озими Теҳрон шуд ва бо сарлашкари посдор Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дидору гуфтугу кард.

Равобити Эрону Арабистони Саудӣ аз марти 2023 вориди давраи тозае шудааст ва ду кишвар пас аз 7 соли таниш, дар масири тавсеаи равобити дуҷониба гом бардоштанд.

Яке аз нишонаҳои азми Теҳрону Риёз барои тавсеаи равобити дуҷонибаи сафарҳои дипломатӣ аст, ки миёни тарафайн анҷом мешаваду мақомоти сиёсии Эрону Арабистони Саудӣ ба Риёз ва Теҳрон сафар ва бо ҳам дидор ва дар бораи таҳаввулоти минтақа ва равобити дуҷониба гуфтугӯ мекунанд.

Дар камтар аз ду моҳи ахир чанд сафари дипломатӣ аз сӯи мақомоти ду кишвар анҷом шудааст. Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умӯри хориҷаи Эрон як моҳ қабл дар авоили октябр ба Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ сафар ва илова бар дидор бо вазири умӯри хориҷаи ин кишвар бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ низ дидор кард.

Козими Ғарибободӣ, муовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазири хориҷаи Эрон низ дар рӯзҳои гузашта ба Арабистон сафар карда буд. Ҳамчунин Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисиҷумҳур ва Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз ба Арабистони Саудӣ сафар карданд.

Дар ҳамин ҳол, Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам рӯзи гузашта дар гуфтугӯи телефонӣ бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ бар тамоюли Эрон барои густариши равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақаӣ бо Арабистони Саудӣ таъкид кард.

Валиаҳди Саудӣ низ дар ин гуфтугӯ хотирнишон кард, равобити Эрону Арабистон дар як нуқтаи атфи таърихӣ қарор дораду умедворам дар ҳамаи заминаҳо ба олитарин сутӯҳ иртиқо ёбад. Нуктаи муҳим ин аст, ки сафари раиси кулли неруҳои мусаллаҳи Арабистони Саудӣ ба Теҳрон дар мақтаи кунунӣ метавонад аҳамияте музоаф дошта бошад, зеро бар хилофи дидорҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, сафари мақомоти низомии ду кишвар камтар анҷом мешавад.

Ин мавзӯ нишон медиҳад, ки равобити Эрону Арабистон дар масири дурустӣ қарор дораду таҳти таъсири рухдодҳои дигар кишварҳо ва ё ноамнии кунунӣ дар минтақаи Ғарби Осиё қарор нагирифтааст.

Ин дидор чанд рӯз пас аз он баргузор мешавад, ки Доналд Трамп, тавонист бо пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бори дигар дар остонаи вуруд ба Кохи Сафед қарор гирад. Дар даври нахусти раёсатҷумҳурии Трамп, Теҳрону Риёз равобити пуртанише доштанд.

Расонаҳо ҷузъиёти чандоне аз дидори руасои Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрону Арабистон мунташир накардаанд, аммо бархе расонаҳо гузориш доданд, сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ дар ин дидор эълом кард, Эрон алоқаманд аст, неруи дарёии Арабистон дар соли оянда ба унвони ширкаткунанда ё нозир ба размоиши дарёии Эрон дар Халиҷи Форс бипайвандад. Нуктаи поёнӣ инки дидорҳои дипломатӣ ва ҳамчунин изҳороти мақомоти Арабистону Эрон нишон медиҳад, ки ду кишвар таъмиқи равобити дуҷонибаро ба унвони авлавият ва дастури кори нахусти худ дар назар гирифтаанд.

Вебгоҳи “Deutsche Welle”-и Олмон ба баҳонаи сафари раиси Ситоди кулли артиши Арабистони Саудӣ ба Эрон, бо ишора ба раванди тармими муносибот байни ин ду кишвари муҳимми минтақа навишт: “Пас аз тавофуқ бар сари оддисозии равобити байни Эрону Арабистони Саудӣ, ки бо миёнҷигарии Чин дар соли 2023 анҷом шуд, ин ду рақиби минтақаӣ акнӯн хоҳони таъмиқи равобити худ ҳастанд. Возеҳ аст, ки таъмиқи равобити Эрону Арабистон ба унвони ду бозигари муҳим дар таҳаввулоти минтақа метавонад барои ҳалу фасли буҳронҳои кунунӣ, аз ҷумла масаълаи Фаластин низ бисёр ҳоизи аҳаммият бошад.