Дидори сафири ҷонбози Эрон дар Лубнон бо Раҳбари инқилоби исломӣ
Саҳоб- сафири ҷонбози Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Лубнон бо имом Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ дидору гуфтугу кард.
Ба гузориши “Саҳоб”, бо истинод ба пойгоҳи иттилоъотии дафтари ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Муҷтабо Амонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Лубнон, ки дар ҷараёни амали террористии режими саҳюнистӣ, ки бо номи “Амалиёти Пиҷрӣ” маъруф аст, аз чашму даст захмӣ шудааст. Дар ин ҷаласа ӯ гузориши охирини вазъи саломатии худро ба раҳбари инқилоб пешниҳод кард.
Қобили зикр аст, ки 17 сентябри соли 2024 ҳазорон дастгоҳи иртибототӣ ё ба истилоҳ "пайҷерҳо" дар дасти шуморе аз нерӯҳои воҳид ва ниҳодҳои мухталифи Ҳизбуллоҳ дар Лубнон мунфаҷир шуд, ки дар натиҷа теъдоде аз аъзои Ҳизбуллоҳ шаҳид ва чандин тани дигар захмӣ шуданд.
Яке аз ин пейжерҳо дар назди сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Лубнон таркида, уро захмӣ карда аст.