Истиқболи русҳо аз либос ва чарми эронӣ
Порс тудей - Муовини ҳамоҳангии умури иқтисодии устондори Теҳрон аз имзои тафоҳумномаи ҳамкории муштарак дар ҳавзаи занҷираи либос миёни Эрону Русия хабар дод.
Ҳишматулоҳи Асгарӣ, муовини ҳамоҳангии умури иқтисодии устондори Теҳрон рӯзи сешанбе дар маросими имзои тафоҳумномаи ҳамкории муштараки ҳавзаи занҷираи либос байни Эрон ва Русия гуфт: Тафоҳумномаи ҳамкории муштараки занҷираи арзиши роҳбурдии либоси Теҳрон шомили иттиҳодияҳо ва анҷуманҳои саноат, тарроҳони порча, либосу Анҷумани чарми Эрон бо занҷираи арзиши либоси Русия шомили Иттиҳодияи корофаринони санъати нассоҷӣ ва либоси ин кишвар заминаи ҳузури бештари тавлидоту санъати пӯшоки Эрон дар Русия аст.
Ба гузориши Порс тудей, Асгарӣ мутолиаи бозори 2 кишвар, эъломи зарфиятҳои мутақобил, тавлиди муштарак, пазиришу эъзоми ҳайатҳои тиҷорӣ ва интиқоли донишу содиротро аз мавориди ҳамкорӣ дар тафоҳумномаи муштарак зикр карду афзуд: Тарафи рус мутааҳҳид шуда, заминаи ҳузури муассиру бештари воҳидҳои тавлидии Эрон дар бозори Русияро фароҳам кунад.
Андрей Разбродин, раиси Иттиҳодияи корофаринони саноати нассоҷӣ ва пушоку раиси Маркази либосу нассоҷии Думои Русия низ дар ин маросим, ки ба сӯрати онлайн баргузор шуд, бо ибрози хурсандӣ аз имзои тафоҳумномаи ҳамкории муштарак гуфт, ба унвони иттиҳодияи давлатӣ токунӯн бо саноати пушоки Чин, Покистону Туркия ҳамкории муштарак доштаанд.