Ҷузъиёте аз дидори Алии Лориҷонӣ бо раиси ҷумҳури Сурия
(last modified Sat, 07 Dec 2024 14:53:43 GMT )
Декабр 07, 2024 19:53 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёте аз дидори Алии Лориҷонӣ бо раиси ҷумҳури Сурия

Порстудей - Тибқи эъломи як узви комиссияи амнияти миллӣ, Эрон мушовирони худро аз Сурия хориҷ накардааст.

Ба гузориши Порстудей, Ризозода хабар дод, ки шаби гузаштаи Алии Лориҷонӣ-мушовири Раҳбари инқилоб бо раисҷмҳури Сурия дидор доштааст.

 Ин узви комиссияи амнияти миллии маҷлис дар мавриди таҳаввулоти Сурия гуфт: Ахборе, ки аз Сурия ба даст мо мерасад, мутаассифона ахбори хубе нест ва миқдоре нигаронкунандааст.

 Бар асоси наворе, ки аз гуфтугӯи Ризозода бо расонаи Охирин хабар мунташир шуда, ӯ ингуна идома медиҳад: Дар бораи буҳрони Сурия сӯҳбатҳое бо давлати Русия шуда ва ҳамчунин иқдомоте дар ҳоли анҷом аст. Мо ба ҳеҷ ваҷҳ мушовирони худамонро аз сафорати Эрон дар Димишқ хориҷ накардаем ва ҳамчунон дар Сурия ва дар Димишқ ҳастем. Аз дирӯз бо сафари оқои Лориҷонӣ ба Сурия ва ҳамчунин сафари масъулон умедвор ҳастем, ки ин мушкилот ба хайр бигузарад.

 Ризозода дар ҷавоби саволи хабарнигор, ки Башор Аасад ва хонаводааш Сурияро тарк карданд, оё ҳақиқат дорад? Посух дод: На, ин мавзӯъ сиҳат надорад ва дирӯз оқои Лориҷонӣ дар Димишқ бо эшон мулоқот доштанд.

Image Caption