«Сурия дар озмуни сахтгузор». Ёддошти табйинии Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон
-
Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон
Порс-Тудей. Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар ёддоште дар рӯзномаи лубнонии “Ал-Ахбор” ба таҳлили вазъияти Сурия ва масири наҷоти ин кишвар пардохтааст:
- Тардиде раво нест, ки бо тавваҷуҳ ба шароите, ки Шомоту Фаластин дар он қарор гирифтаанд, ҷаҳони Ислом ба шиддат нигарони ояндаи минтақаи Ғарби Осиё бошад. Мардумони сокини ин ҷуғрофиё, ки барои қарнҳои гузашта нақше асосӣ дар таъйини сарнавишти сиёсии ҷаҳони Ислом доштаву доранд, чанд даҳае аст, ки ба далели нодида ангошта шудани ҳуқуқи ҳокимиятиашон, мутаҳаммили латмаҳои сангин дар натиҷаи интиқоли буҳрони яҳудият ـ масеҳияти Аврупо пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум ҳастанд.
Дар тамоми солҳои маъмуриятам ба унвони як дипломат, буҳрони Фаластин ҳамвора дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор дошт. Ман ҳамвора бо ин истидлоли ҳамкорони аврупоӣ рӯ ба рӯ будам, ки «мардуми Олмон ба далели фоҷеаҳои ҳукумати нозиҳо алайҳи яҳудиён, худро сарафканда ва масъул медонанд». Ин сухани дурусте аст, зеро рафтори ваҳшиёнаи ҳоким бар он давраи торик аз таърихи Аврупо, ҷароҳати амиқе бар пайкари мардуми он қорра ва захмҳои чиркини бисёре бар пайкари соири кишварҳои ҷаҳон гузошт. Меҳани ман Эрон низ ба рағми бетарафӣ ишғол шуду мардуми сарзаминам бар асари аворизи он ҷанги бузург мутаҳаммили хисороти ҷуброннопазире аз ноҳияи он ишғолгарӣ шуданд.
Дар гуфтугӯҳои дипломатӣ, вақте тарафҳои муқобил аз сарафкандагиву пазириши масъулияти худ дар ин хусус сухан мегуфтанд, пурсише бароям эҷод мешуд, ки мустақиман бо авзои имрӯзамон муртабит аст: Чӣ касе масъули нангу шармсории ҷиноёти Исроил аст? Режиме, ки сарзамини фаластиниҳоро ишғолу қатъномаҳои байналмилалиро ҳамвора нақз карда, тамомияти арзиву ҳокимияти миллии ҳамсоягони Фаластини ишғолиро мавриди таарруз қарор дода ва бо истимрори эҷоди маҳдудиятҳои бисёр барои мардуму мамониат дар масири ирсоли кумакҳои башардӯстона, иқдом ба ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи ғайринизомиён мекунад ?! Ишора ба намунаи ахир аз ин ҷиноёту рақам задани Ҳолокости ваҳшатноки бемористони Шуҳадои Ал-Ақсо дар 14 октябри 2024, ки улгӯи модерни наслкушии нозиҳо дар урдӯгоҳи Ғазза аст, барои баёни ин нангу сарафкандагӣ кофӣ аст.
Шароити ин рӯзҳову густарда шудани доираи ҷиноёти ваҳшигарона Исроил ва имтидод ёфтани он ба Сурия, пурсише ҷадид ба саволи қаблиам меафзояд: Чӣ касе масъули таҷовузи Исроил ба хоки кишваре аст, ки дар батни худ бо шароити сахти баруфтодани ҳукумате ва зойиши давлате дигар даст ба гиребон аст !? Ибрози таассуфу эъломи нигаронӣ, содатарин вожагону гоҳ бемаънотарин калимоте аст, ки дар адабиёти бисёре аз “кишварҳои масъул дар тағйири сарнавишти мардуми Ғарби Осиё” ба кор бурда мешавад.
Акнун барои беш аз ҳафтодупанҷ сол аст, ки муқовимат танҳо роҳкори пеши рӯи фарзандони ин минтақа дар баробари таҷовузҳои ошкори режими саҳюнистӣ ва дар муқобили ҳимоятҳои ошкори кишварҳои масъулиятгурез аз фоҷеаҳои мавҷуд аст. Муқовимат дар андешаи падарону модарон шакл гирифт ва дар бозувони тавонои фарзандони муқовимат ба шаклҳои гуногун ба кор гирифта шуд. Шакли муқовимат дар тамоми ин даврон мубтанӣ бар иқтизои замон, тавону имконот буд, вале фарҳанге сохт, ки намунаи он сегонаи «Атфол алҳиҷораҳ»-и Наззор Қабони, шоири сурияе аст. Дуруст аст, ки ин шоир ин рӯзҳои Ғаззаро надид, аммо дар уфуқи зеҳни худ онро ба диққат тарсим кард:
Ё таломизи Ғазза
Ъилмуно
Баъзи мо индакум
Фанаҳну насино
Ъилмуно...
«Эй донишомӯзони Ғазза
Ба мо биомӯзед
Андаке аз ончӣ медонед
Ки мо аз ёд бурдаем
Ба мо биомузед . . . »
Ҳам ӯст, ки тасвире аз ҳамбастагии шиаву суннӣ ва ташкили ҷабҳаи муштарак миёни мардуми Сурия, Ироқ, Лубнон, Эрон ва дигар кишварҳои минтақа ироа кард, ки дар замони таҷовузҳои ДИИШ ба улгӯе наҷотбахш барои ҷаҳони Ислом табдил шуд:
سمیتک الجنوب
یا لابساً عباءة الحسین
و شمس کربلاء
یا شجر الورد الذی یحترف الفداء
یا ثورة الارض التقت بثورة السماء
یا جسداً یطلع من ترابه
قمحٌ وأنبیاء
سمیتک الجنوب
یا قمر الحزین الذی یطلع لیلاً من عیون الفاطمه
سفن الصید التی تحترف المقاومه
یا ضفدع النهر الذی
یقرأ طول اللیل سوره المقاومه
«Ҷануб номидамат
Эй онки абои Ҳусайн (а)-ро бар тан кардаӣ
Ва хуршеди Карбало бар сарат медурахшад
Эй дарахти шукуфое ки қурбонӣ шуданро пешаи худ сохтаӣ
Ва шӯриши заминии ту бо инқилоби осмонӣ пайванд ёфта аст
Эй бадане, ки аз хоки гуҳархезаш
Ҳам гандум мкрӯяд ва ҳам паёмбарон сар бармеоваранд
Ҷануб номидамат
Эй маҳтоби андӯҳе, ки шабонгоҳ аз чашмони Фотима метаровад
Эй киштии корозмуда дар муқовимат
Эй ғӯки рӯдхонае, ки тамоми шаб Сураи Муқовиматро тиловат мекунӣ
Ҷануб номидамат . . . »
Ин адабиёт, нишон аз пойдориву истодагии мардуми Шомот дар баробари режими саҳюнистӣ аст. Ҳамон тавр, ки нишонгари маваддату ҳамдилии онон бо Ҳизбуллоҳ аст, ки аз ҷанги 33 рӯза ба ин сӯ, суръату шиддати бесобиқае ба худ гирифт. Ҳамчунин, баёнгари эҳсосоте аст, ки воридотӣ набуда ё абзоре нест, ки аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эрон ба кор гирифта шуда бошад.
Бардошти хоме аст, чунончӣ тасаввур кунем бо тағйири ранги парчами кишваре, интизороту ормонҳои иҷтимоии ҷомеаи он кишвар низ тағйир хоҳад кард. Мардуми Сурия, ҳамон далермардоне ҳастанд, ки ҳамосаи муқовиматро дар ҷанги октябри 1973 халқ карданд. Ҳамон тавр, ки рӯйкарди мардуми озодаи Сурия дар дифоъ аз ормони Фаластин сабаб шуд, ки ба рағми мушорикати низоми собиқи арабиятмеҳвари баъсӣ дар сафи мушорикаткунандагон дар конфронси Мадрид, умеди душманон ба ҷудоии Сурия аз ҷабҳаи муқовимат ба яъс табдил шавад.
Ба ақидаи ман, ҳаводиси ахири Сурия набояд мунҷар ба нақзи ҳокимият, тамомияти арзӣ ва шикасти ниҳоди давлати миллӣ дар ин кишвар шавад, балки шояд баҷо бошад, ки қабл аз судури ҳукм, ба ҳикмати Одунис ва даъвати ӯ аз ҳамватанонаш ба сабр пеш аз доварӣ, тавваҷуҳ кунем. Дар бовари вай ба дурустӣ омада аст, ки мардуми Сурия дар умқи вуҷуди худ мухолифи тағйир нестанд, балки мухолифи рафторҳову шеваҳое ҳастанд, ки мунҷар ба натиҷае гардад, ки бо зоти ҳамон тағйир дар тазод бошад.