Мавзеи вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи нақши Туркия дар таҳаввулоти Сурия
(last modified Wed, 18 Dec 2024 08:05:09 GMT )
Декабр 18, 2024 13:05 Asia/Dushanbe
  • Мавзеи вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи нақши Туркия дар таҳаввулоти Сурия

Порс тудей - Ба гуфтаи Бақоӣ, фориғ аз ривояти дигар кишварҳои минтақа, Эрон ҳечгоҳ барои ҳимоят ё дифо аз шахс ё ҳизби хоссе дар Сурия набуд.

Исмоили Бақоӣ, сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишаст бо асҳоби расона (27 озари 1403) ба саволе дар бораи ривояти ғолиб мабнӣ бар нақши Туркия дар таҳаввулоти Сурия посух дод. Ба гузориши Порс тудей, вай изҳор дошт:

Соирин метавонанд, ривоятҳои худашонро аз таҳаввулот ва вақойиъ дошта бошанд. Ончӣ ки мушаххас аст, ин аст, ки дар Давҳа ва ҳам дар нишасти Остона ва ҳам дар нишасти ҳашт кишвари панҷ ба иловаи се, яъне се кишвари узви Остона ба иловаи панҷ кишвари арабии минтақа, ончӣ ки маддиназар буд ва дар мавридаш тафоҳум шуда буду баёнияи он ҳам содир шуд, зарурати таваққуфи даргириҳо ва гуфтугӯи байни гуруҳҳои муъоризу давлати Сурия, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз назҷгири(рушди)-и терроризм ва эҷоди хало дар Сурия ҳифзи тамомияти сарзаминии Сурия нигаронии умдае буд, ки муштарак буд байни ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда ҳам дар нишасти Остона ва ҳам нишасти ҳашт кишвари (дар ҳоли тавсеа). Камо инки мебинем муттаассифона дар ҳамин чанд рӯз, тамомияти сарзаминии Сурия ба шиддат мавриди таъарруз қарор гирифтааст аз тарафи режими саҳюнистӣ. Барои аввалин бор дар тайи ин 50 сол бахши дигаре аз сарзамини Сурия ишғол шуд. Қатъномаи 350 Шӯрои амният ба сӯрати яктарфа нақз шуд ва инҳо муайиди ин нигаронӣ аст, ки мо ба унвони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бақияи кишварҳо муштаракан дар ҳамон рӯзҳо нисбат ба амнияту суботу тамомияти сарзаминии Сурия ин нигарониҳоро доштанд. Нигарониҳо муштарак буд ва бинобар ин талош кишварҳо ё дағдағаи кишварҳои ширкаткунанда дар Давҳа ин буд, ки монеъ аз бурузи чунин вазъияте дар Сурия бишаванд.

Ман ба сӯрати куллӣ ишора бикунам, ки ҳузури мо дар Сурия, ҳузури мабноъи усӯлӣ буд ва хурӯҷи мо ҳам хурӯҷи масъулона буд. Мо дар Сурия ба дунболи кишваргушоӣ ба дунболи сайтараҷӯӣ, ба дунболи эҳёи императориҳои гузашта набудем. Ончӣ дар Сурия барои мо муҳим буд, кумак ба таъмини амнияти мардуми Сурия дар баробари ифротигарии хашину терроризм (имрӯз дар тақвими мо рӯзи мубориза бо терроризму ифротигарии хашин ҳаст), мо бо ин ҳадафу мабно ба даъвати давлати мустақару қонӯни давлати Сурия дар Сурия ҳузур пайдо кардем.

Ҳузури мо ҳузури мусташорӣ буд. Мо ҳечгоҳ барои ҳимоят ё дифо аз шахс ё ҳизби хоссе дар Сурия набудем ва то охирин лаҳазот ҳам ончӣ барои мо муҳим буд, кумак ба ҳифзи амнияту тамомияти сарзаминии Сурия ба унвони як кишвари муҳими минтақа буд чун бовар дорем амнияту субот дар так так кишварҳои минтақа зомини амнияту субот дар минтақаи Ғарби Осиё аст.