Январ 15, 2017 11:32 Asia/Dushanbe
  • Пайгири ҳуқуқии хунбаҳои зоирони эронӣ дар музокироти Эрон ва Арабистон

Намояндаи вали фақеҳ дар умури Ҳаҷ ва зиёрати Эрон гуфт, дар ҷаласоти мутааддиди дохилӣ дар робита бо музокироти ояндаи Эрон бо Арабистон бо меҳварияти маросими Ҳаҷ, мавзуи амният, имконот ва баҳси муҳимми пайгирии ҳуқуқии хунбаҳои зоирони эронӣ дар Масҷидулҳаром ва Мино матраҳ шудааст.

Ба гузориши ИРНА, ҳуҷҷатулислом валамуслимин Алии Қозӣ Асгар дар бораи ҳузур ва ироаи шартҳои ҳайати эронӣ барои музокира бо тарафи Саудӣ дар 23 феврали  2017 дар Арабистон афзуд, ҳамакнун наметавон шарти хоссеро қоил шуд, чун мавзуи музокирот аст ва бояд дид дар музокироти байни ду тараф чӣ шароите эҷод хоҳад шуд.

Вай ҳамчунин гуфт, дар сурати муваффақиятомез будани музокирот миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистон ва эҷоди тавофуқ билофосила барномаҳои Эрон барои сафари Ҳаҷ оғоз хоҳад шуд.

Алии Қозӣ Асгар рӯзи душанбеи гузашта аз дарёфти даъватномаи расмии Арабистон барои Ҳаҷи оянда хабар дода буд.

Беш аз ҳафт ҳазор зоир аз ҷумла 464 зоири эронӣ, Иди Қурбони соли 2015 (24 сентябри 2015) дар ҳоли анҷоми маросими Ҳаҷ дар сарзамини Мино ба далели бемудириятиӣ ва саҳдангории масъулони Оли Сауд ҷони худро аз даст доданд.

Саудиҳо соли 2016 низ ба далоили беасос монеи ҳузури зоирони бархе кишварҳои исломӣ аз ҷумла Эрон, дар маросими Ҳаҷ шуданд.

 

 

Барчасп