Мелоди Масеҳ ёдовари талош барои адолат؛ Паёмҳои табрикии корбарони эронии Экс
-
Мелоди Масеҳ ёдовари талош барои адолат؛ Паёмҳои табрикии корбарони эронии Экс
Порс Тудей- Корбарони эронии шабакаи иҷтимоии Экс дар постҳои мухталиф, мелоди фархундаи ҳазарти Исои Масеҳ (а) ро ёдовари арзишҳои маънавии башарият донистанд.
Рӯзи 25 декабри 2024, солрӯзи мелоди фархӯндаи ҳазрати Исои Масеҳ (а) аст. Ба ҳамин муносибат корбароини эронии шабакаи Экс,бо интишори постҳое ин рӯзи фархундаро табрик гуфтанд, ки дар ин матлаб аз Порс Тудей, баргузидаи аз онҳоро мехонем:
Валодати ҳазрати Исои Масеҳ (а) фурсате барои ёдоварии омӯзаҳои илоҳӣ
«Исмоили Бақоӣ» сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар шабакаи иҷтимои Экс бо табрики мелоди ҳазрати Масеҳ (а) ба ҳамаи масеҳиёни ҷаҳон, ба вижа ҳамватанони масеҳӣ навишт: " Ҷашни зодрӯзи ҳазрати Исои Масеҳ, фурсати аст барои ёдоварии омӯзаҳои илоҳии он паёмбари бузурге, ки ҳамагонро ба адолат ва сулҳ ва меҳрабонӣ фаро мехонад. Эрон, кишвари бо торихи ғанӣ аз ҳамзистӣ ва мавадат байни адён ва фарҳангҳо, ба мероси муштараки адёни иброҳимӣ ифтихор мекунад».
Лабайк ба нидои ҳазрати Масеҳ (а)
«Бобак» дигар корбари шабакаи иҷтимоии Экс низ пайрави аз ҳазрати Масеҳ (а) ро лозим дониста ва навиштааст: " Мелоди Масеҳ ба мо ёдовари мекунад ва тазакури аст барои ҳамаи инқилобиён ва муслиҳини ҷаҳон, ки бояд равишашон дар зиндагӣ таҳаммул ва бурдборӣ ва сулҳу дустӣ байни инсонҳо бошад. Масеҳ ба таҳаммулу бурдборӣ даъват мекард бошад, ки ба ин нидои ӯ мо лабайк бигӯем ».
Масеҳ ( а ) ва Имом Маҳдӣ ( аҷ ) мунҷиони олами башарият
« Зайнаб » дигар корбари эронии шабакаи иҷтимоии Экс ҳам навишт : “ Мелоди ҳазрати Исои Масеҳ гиромӣ бод . Ӯ ки омаданаш навидбахши умеду наҷот буд , ёдоварии ваъдаи илоҳӣ барои зуҳӯри мунҷӣ аст . Ӯ ҳамроҳи Имом Маҳдӣ ( аҷ ) хоҳад омад то навиддиҳандаи омадани мунҷии олами башарият бошад “.
Ҳазрати Масеҳ ( а ) исои нурӣ дар дили торикии
« Сайидқосим Ахзоротӣ » ҳам дар шабакаи иҷтимоии Экс бо табрики мелоди Исои Масеҳ навишт : Таваллудм ӯ ёдоварм нурӣ аст, ки дар торикии ҷаҳон тобид то паёми ишқ , сулҳу умедро ба инсонҳо бирасонад . Ӯ бо зиндагӣ ва омӯзаҳои худ омухт, ки меҳрбонӣ марз намешиносаду ишқ танҳо роҳи наҷот башариятаст “ .