Навҷавони эронӣ беҳтарини муштзани Осиё
Порс тудей - Фарзони Аҳмадӣ аз Эрон ба унвони беҳтарин муштзани қораи куҳан дар раддаи синнии навниҳолон интихоб шуд.
Конфедератсияи бокси Осиё дар поёни соли мелодӣ беҳтарин варзишкорон, мураббиёну доварон, ки дар мусобиқоти қораи куҳан амалкарди дурахшоне доштандро дар бахшҳои мухталиф интихоб кард.
Ба гузориши Порс тудей, бар ин асос, Фарзони Аҳмадӣ, муштзани шоиста ва ояндадори Эрон ба унвони беҳтарин муштзани навниҳоли писари Осиё интихоб шуд.
Аҳмадӣ чанде пеш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки ба мизбонии Иморот баргузор шуд, муқтадирона ва бо шикасти тамомии ҳарифон ба медоли тиллои вазни 61 килограмми радаи смннии навниҳолон даст ёфт.
Фарзони Аҳмадӣ пас аз интихоб ба унвони беҳтарин муштзани навниҳоли Осиё гуфт: “Бисёр хушҳолам ин ифтихорро барои кишварам ба даст оварадам. Аввали роҳи қаҳрамонӣ ҳастам ва мехоҳам ифтихороти зиёде касб кунам”.