Чӣ гуна Эрон ба ҷойгоҳи бартар дар заминаи саломати занони бордор расид?
(last modified Sat, 04 Jan 2025 09:30:29 GMT )
Январ 04, 2025 14:30 Asia/Dushanbe
  • Чӣ гуна Эрон ба ҷойгоҳи бартар дар заминаи саломати занони бордор расид?

Порс тудей- Яке аз муҳиммтарин мавзӯъоте, ки дар ду даҳаи ахир мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта ҷойгоҳи низоми саломати Эрон дар миёни кишварҳои минтақаи ғарби Осиё ва ҷаҳон аст.

Дар қиёс бо умуми кишварҳои минтақа ва хориҷ аз он, низоми саломати Эрон аз мавқеияти мумтоз ва барҷастае бархурдор аст ва ҳамин мавқеияти матлуб, заминаро барои қарор гирифтани Эрон дар миёни муҳиммтарин кишварҳои мақсади саломат дар минтақа қарор додааст. Ба гузориши Порс тудей, дар ҳамин росто Эрон дар солҳои ахир пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳе дар заминаи саломати модарони бордор доштааст; Коҳиши қобили таваҷҷуҳи маргумири модарон яке аз дастовардҳои муҳимми кишвар аст ва аз ин назар Эрон яке аз андак кишварҳое аст, ки тавониста ба аҳдофи тавсеаи коҳиши маргумири модарони бордор бирасад.

 Ба гуфтаи Муҳаммадризо Зафарқандӣ-вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Эрон аз назари коҳиши мизони маргу мири модарони бордор ҷузви 3 кишвари нахусти дунё аст, ки ин ифтихор натиҷаи солҳо заҳмату талош аст.

 Муҳаммади Раисзода-раиси Созмони низоми пизишкии Эрон низ гуфтааст: Ҳадафи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар соли 2030 коҳиши мизони маргумири ҷаҳонии модарон ба камтар аз 70 маврид дар ҳар 100,000 таваллуди зиндааст, ин дар ҳолет, ки ҳамакнун ин омор дар Эрон 22 дар 100 ҳазор таваллуд аст.

 Возеҳ аст, ки ин пешрафтҳо ҳосили талошҳои густурдаи давлат, марокиз ва созмонҳои беҳдоштии Эрон будааст, ки дар идома ба бархе аз муҳиммтарин иқдомоти анҷомшуда ишора мешавад:

  1- тавсеаи зерсохтҳои беҳдоштӣ: шомили сохт ва таҷҳизи марокиз(марказҳо)и беҳдоштӣ, афзоиши теъдоди марокизи беҳдоштӣ ва дармонӣ дар манотиқи мухталифи Эрон ба вежа манотиқи маҳрум, таҷҳизи марокиз ба дастгоҳҳои мавриди ниёз ва фароҳам кардани имконоти ташхисӣ ва дармонии лозим барои муроқибат аз модарони бордор дар марокизи беҳдоштӣ.

 2- барномаҳои ғирболгар(ғарбелгар)ӣ: шомили ғирболгарии бемориҳои генетикӣ, анҷоми озмоишҳои ғирболгарӣ барои ташхиси бемориҳои генетикӣ дар ҷанин, ғирболгарии бемориҳои уфунӣ ва ташхису дармони саривақтии бемориҳои уфунӣ монанди гипотит ва СПИД дар модарони бордор.

  3- омӯзиш ва иттилоърсонӣ: шомили баргузории коргоҳҳо ва курсҳои омӯзишӣ, омӯзиши модарони бордор дар мавриди тағзияи солим, муроқибатҳои даврони бордорӣ, зоимони табиӣ ва ширдеҳӣ, истифода аз расонаҳо ва иттилоърсонӣ аз тариқи расонаҳои ҷамъӣ барои афзоиши огоҳии умумӣ дар мавриди аҳамияти саломати модарони бордор.

 4- тарвиҷи зоимони табиӣ: шомили ҳимоят аз зоимони табиӣ, ташвиқи модарон ба зоимон(таваллуд)и табиӣ ва коҳиши мизони сазорин(кесарево сечение)ҳои ғайризарурӣ, омӯзиши момоҳо((парасторон(акушеркаҳо)) ва афзоиши дониш ва маҳорати момоҳо барои анҷоми зоимонҳои табиии эмин.

 5- тақсими ройгони дору ва мукаммилҳои ғизоӣ: шомили тавзеъи мукаммалҳои оҳан ва фулик асид(фолиевая кислота), пешгирӣ аз камхунӣ дар модарони бордор, тақсими дигар мукаммилҳои зарурӣ ва таъмини ниёзҳои тағзияи(хуроки)и модарони бордор.

  6- бимаи саломати ҳамагонӣ: шомили пӯшиши ҳазинаҳои бордорӣ ва зоимон, коҳиши бори молӣ бар дӯши хонаводаҳо ва афзоиши дастрасӣ ба хадамоти беҳдоштӣ.

  7- барномаҳои тағзияӣ: шомили тауқсими сабади ғизоӣ, ироаи сабади ғизоӣ ба модарони бордор дар манотиқи маҳрум, омӯзиши тағзияи солим ва афзоиши огоҳии модарон дар мавриди тағзияи муносиб дар даврони бордорӣ.

  8- ҳимоят аз модарони ширдеҳ: шомили ташвиқ ба ширдеҳӣ, тарвиҷи ширдеҳии инҳисорӣ то шашмоҳагӣ ва идомаи он то дусолагӣ, омӯзиши ширдеҳӣ ва омӯзиши модарон дар мавриди техникаҳои саҳеҳи ширдеҳӣ.

 Дар поён бояд ба ин нукта ишора кард, ки афзоши ҷойгоҳи Эрон дар низоми саломат аз ҷумла дар заминаи саломати занони бордор, фоидаҳои бисёре ба думбол дошта ва дорад; Бартарии қобили таваҷҷуҳи вазъияти беҳдошту саломат дар Эрон ва зерсохтҳо ва низоми саломати қавӣ ва бо пуштвона, Эронро ба яке аз мақсадҳои мӯътабар, дар дастрас, арзон ва қобили эътимоди саломат табдил кардааст.