Лавров бар ҳалли масъалаи ҳастаии Эрон аз тариқи дипломатия таъкид кард
(last modified Mon, 07 Jul 2025 05:50:36 GMT )
Июл 07, 2025 10:50 Asia/Dushanbe
  • Лавров бар ҳалли масъалаи ҳастаии Эрон аз тариқи дипломатия таъкид кард

Порс-Тудей. Вазири хориҷаи Русия бори дигар ҳамлаи Амрико ва режими Исроил ба Эронро маҳкум ва бар ҳалли барномаи ҳастаии Теҳрон аз тариқи абзорҳои сиёсӣ ва дипломатӣ таъкид кард.

Вазорати хориҷаи Русия якшанбешаб дар бораи дидори Лавров ва Ироқчӣ дар ҳошияи нишасти сарони гуруҳи БРИКС дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар баёнияе эълом кард: Тарафи русӣ бори дигар бар маҳкумияти ҳамлаи низомии Исроил ва Амрико ба Эрон, аз ҷумла бомбаборони зерсохтҳои энержии ҳастаии зери назари Созмони байналмилалии энержии атомӣ, ки ноқизи маншури Созмони Милал ва ҳуқуқи байналмилал аст, таъкид кард.

Ин баёния афзуд: Аҳамияти ҳалли буҳрони марбут ба Барномаи ҳастаии Эрон аз тариқи абзорҳои сиёсӣ ва дипломатӣ мавриди таъкид қарор гирифт. /Ирна