Исфаҳони Эрон мизбони боғчаи гули ҷаҳонии «Сулҳ»
(last modified Mon, 13 Jan 2025 12:49:20 GMT )
Январ 13, 2025 17:49 Asia/Dushanbe
  • Исфаҳони Эрон мизбони боғчаи гули ҷаҳонии «Сулҳ»

Порс тудей- Боғчаи гули ҷаҳонии «Сулҳ» бо меҳварияти густариши дипломасӣ дар маҳали устондории Исфаҳони Эрон ифтитоҳ шуд.

Боғчаи гули ҷаҳонии «Сулҳ» ба манзури густариши дипломасӣ ва рӯҳи сулҳталабии мардуми Эрон бо соири кишварҳои ҷаҳон дар Исфаҳон эҷод шудааст.

Ба гузориши Порс тудей, боғчаи гули ҷаҳонии «Сулҳ» аз ин пас маҳалле барои кошти гули рузи эронӣ (гули садбарг) тавассути руасои ҳайатҳои хориҷӣ хоҳад шуд.

Нахустин гули ин боғча, тавассути сарконсули Ироқ дар Исфаҳон ва низ устондори Исфаҳон кошта шуд. Ин иқдом дар ростои эъломи шиори Зураб Пололикашвили, раиси Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ (UNWTO) мабнӣ бар сулҳу гардишгарӣ сӯрат гирифт.

Гуфтанист, гули руз ба унвони гули намодини ҷаҳонии сулҳ шинохта мешавад. Дар сарзамини Эрон, гули рузи эронӣ ба воситаи арзишмандӣ ва бӯи хуш ба Паёмбар (с) ислом, нисбат дода шуда ва ба гули маҳммадӣ машҳур аст.

Ин гул дар сарзамини Эрон сумбули сулҳу дӯстӣ ва дорои коду шиносаи байналмилалӣ аст. Бар асоси эъломи масъулони боғчаи гули ҷаҳонии «Сулҳ» қарор шудааст дар ин боғча ҳар фард ё ҳайати хориҷӣ, гул бикорад, коди байналмилалӣ ба он ихтисос дода шавад.