Январ 15, 2017 19:03 Asia/Dushanbe

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон дар як соле, ки аз иҷрои тавофуқи ҳастаӣ гузашта, бо бадаҳдии амрикоиҳо муқобила кардааст.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини ҳуқуқӣ ва байналмилали вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар нахустин солгарди иҷрои тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ), дар нишасти хабарӣ дар Теҳрон гуфт, амрикоиҳову аврупоиҳо дар як соли гузашта то тавонистанд дар масири иҷрои БАРҶОМ сангандозӣ карданд, аммо Эрон бо ин сангандозиҳо муқобила ва саъй кард монеаҳоро бартараф кунад.

Ироқчӣ гуфт, Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид барномаи ҳастаии Эронро ба унвони барномае қонунӣ ба ҷаҳон муаррифӣ кардаасту ин барномаи ҳастаӣ ба масири худ бо қувват идома медиҳад.

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Эрон ба ғанисозии санъатӣ хоҳад расид ва ҳамкориҳои сулҳомези ҳастаии Эрон бо дигар кишварҳо дар ҳоли иҷро аст.

Ироқчӣ афзуд, таҳримҳои Эрон дар се ҳавзаи муҳими энержӣ, нафту газ, ҳамлу нақл ва моливу бонкӣ рафъ шудаву ҳамаи даромадҳои нафтӣ қобили дарёфт аст.

Раиси эронии Ситоди иҷрои БАРҶОМ ҳамчунин гуфт, монеаҳо дар ҳавзаи ҳамлу нақл, киштиронӣ, бимаи киштиҳо ва дастрасӣ ба бандарҳо ҳал шудаву бархе аз мушкилоти кунунӣ дар ҳавзаи таҳримҳои бонкӣ, марбут ба БАРҶОМ нест.

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи ҷузъиёти музокироти ахир бо ҳайати амрикоӣ дар Вена низ таъкид кард, Эрон ҷуз дар бораи бархе масоили фаннӣ дар заминаи БАРҶОМ ва ояндаи он музокирае бо ҳайати амрикоӣ надорад.

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар бораи вокуниши раиси ҷумҳурии баъдии Амрико ба тавофуқи ҳастаӣ гуфт, ин ки Трамп байни БАРҶОМ ва ғайри он интихоб кунад, бо ӯст, аммо бояд паёмадҳои интихобашро бипазирад.

Ироқчӣ таъкид кард, музокироти ҳастаии Эрон бо Амрико тамом шудаасту Эрон бо давлати баъдии Амрико дар бораи БАРҶОМ вориди музокираи сиёсӣ нахоҳад шуд.

 

Барчасп