Касби 3 медали тилло ва нуқраи Олимпиадаи ҷаҳонии ихтироот тавассути донишомӯзони эронӣ
(last modified Sat, 18 Jan 2025 08:51:57 GMT )
Январ 18, 2025 13:51 Asia/Dushanbe
  • Касби 3 медали тилло ва нуқраи Олимпиадаи ҷаҳонии ихтироот тавассути донишомӯзони эронӣ

Порс тудей - Мухтареони навҷавони эронӣ дар мусобиқоти байналмилалии пажӯҳишҳои илмӣ ва ихтирооти Кореяи Ҷанубӣ 2025 ду медоли тилло ва як медоли нуқра касб карданд.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА, ин давра аз мусобиқот, ки дар рӯзҳои 16 ва 17 январ баргузор шуд, бо ҳузури ширкаткунандагони 13 кишвар, аз ҷумлаи Кореяи Ҷанубӣ, Амрико, Зеландияи Нав, Қазоқистон, Индонезия, Малайзия, Чин, ҳамроҳ буд.

Тимҳои ҳозир дар ин давра аз мусобиқот дар риштаҳои мехатроника, ҳуши маснуӣ, барноманависӣ, электронӣ, шимӣ ва Нано, зистфанноварӣ ва улӯми шинохтӣ, энержиҳои нав, физик ва нуҷум ба рақобат пардохтанд.

Маҳдӣ Рашиди Ҷаҳон, сарпарасти тимҳои илмии донишомӯзони Эрон, эълом кард, Алиризо Ҷаъфарнажод ва Меҳрони Раҷабӣ 2 тиллои Эронро аз мусобиқоти байналмилалии пажӯҳишҳои илмӣ ва ихтирооти Кореяи Ҷанубӣ 2025 ба армағон овараданд.

Вай афзуд, тими муташаккил аз Тоҳо Канъонӣ ва Муҳаммадҳусайни Раҳмонӣ дар риштаи шимӣ ва нано низ муваффақ ба касби медоли нуқраи ин давра аз мусобиқот шуданд.