Ҳашт медали рангоранги намояндагони каратеи Эрон дар Фаронса
-
Ҳашт медали рангоранги намояндагони каратеи Эрон дар Фаронса
Порс-Тудей. Намояндагони каратеи Эрон дар рақобатҳои байналмилалии озоди Марсел ба 4 тилло, як нуқра ва се бронз даст ёфтанд.
Рақобатҳои байналмилалии каратеи Марсели Фаронса бо касби 4 тилло, як нуқра ва се бронзи намояндагони Эрон ба поён расид.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Абулфазл Араб Ёқубӣ дар вазни 50 - зери 14 сол, Беҳноми Деҳқонзода дар вазни 60 - килограм, Муртазо Неъматӣ дар вазни 75 - килограм ва Саҷҷоди Ганҷизода дар вазни 84 + килограм чаҳор медали тилло, Алӣ Раҳим дар вазни 75 - килограм як медали нуқра, Меҳдии Шаҳгул дар вазни 75 - килограм, Меҳдии Ганҷизода дар вазни 84 + килограм ва Ғазали Нодирӣ дар вазни 61 -и бонувон се медали бронз дар ин рақобатҳо касб карданд.
Гуфтанист, мусобиқоти байналмилалии опени Марсел тайи рӯзҳои 28 то 30 даймоҳ (19 - 17 январ) дар Фаронса бо ҳузури 784 каратекор аз 34 кишвар баргузор шуд ва дар поёни ин рақобатҳо намояндагони Эрон бо касби 4 тилло, як нуқра ва 3 бронз пас аз Фаронса, Италия ва Алҷазоир дар ҷойгоҳи чаҳорум қарор гирифтанд.