Баландтарину зеботарин қуллаҳову риштакӯҳҳои Эрон, ки ҳар табиатигарде бояд бишносад
(last modified Fri, 31 Jan 2025 11:15:08 GMT )
Январ 31, 2025 16:15 Asia/Dushanbe
  • Баландтарину зеботарин қуллаҳову риштакӯҳҳои Эрон, ки ҳар табиатигарде бояд бишносад
    Баландтарину зеботарин қуллаҳову риштакӯҳҳои Эрон, ки ҳар табиатигарде бояд бишносад

Порс-Тудей. Дар дили табиати зебову чаҳорфасли Эрон кӯҳҳои бошукӯҳе вуҷуд дорад, ки мизбони гардишгароне аз нуқоти мухталифи ҷаҳон аст.

Ҷозибаҳои табиии Эрон кам нест ва дар ҳар ҷои ин обу хок як падидаи табиӣ боиси ҷазби гардишгарон мешавад. Яке аз ин ҷозибаҳо қуллаҳо ё кӯҳҳост. Дар Эрон ҳудуди 44 қулла ё кӯҳи баланд вуҷуд дорад, ки дар ин гузориши “Порс-Тудей” бо чанд қуллаи баланди он ошно мешавем:

 

Қуллаи Дамованд

Қуллаи Дамованд баландтарин қуллаи оташфишонӣ дар Эрону минтақаи Ғарби Осиё аст, ки дар шимоли Эрон қарор дорад. Ин қулла 5610 метр баландӣ дорад. Дамованд як оташфишони нимафаъол аст, ки сохтори умдаи он дар давраи чаҳоруми заминшиносӣ - Ҳулусен ташкил шудааст. Аввалин фаварони Дамованд дар 1078 миллион сол қабл будааст. Қутри даҳонаи оташфишон 400 метр аст, ки сатҳи оби яхзада онро пӯшонидааст.

Қуллаи Дамованд

 

 

Алам-кӯҳ

Алам-кӯҳ, кӯҳе бо баландии қуллаи 4850 метр дар устони Мозандарон (шимоли Эрон) аст. Алам-кӯҳ пас аз Дамованд баландтарин қуллаи Эрон аст. Далели аслии шӯҳрати Алам-кӯҳ, иртифои азими он нест, балки деворае аст, ки дар доманаи шимолии кӯҳ қарор дорад ва яке аз сахттарин масирҳо барои сангнавардиву кӯҳнавардӣ дар Эрон аст.

Алам-кӯҳ

 

 

Кӯҳи Сабалон

Кӯҳи Сабалон яке дигар аз кӯҳҳои баланди Эрон аст, ки дар шимоли ғарби Эрон ва дар устони Ардабил қарор дорад ва аз он метавон ба унвони сеюмин қуллаи баланди Эрон пас аз Дамованду Алам-кӯҳ ёд кард. Сабалон баландие баробар бо 4811 метр дорад ва як оташфишони ғайрифаъол аст. Дар болои қуллаи Сабалон дарёчаи хурде қарор дорад ва яке аз далоили машҳур будани ин қулла, оби гармҳои табиии он аст. Осоишгоҳи лижаронӣ ва писти искейи Алварес, ки дар доманакӯҳи Сабалон қарор дорад, солона ҳазорон гардишгарро ба ин минтақа мекашонад.

Кӯҳи Сабалон

 

 

Тахти Сулаймон

Минтақаи Тахти Сулаймон дар воқеъ ноҳияе кӯҳистонӣ дар устони Мозандарон (шимоли Эрон) аст, ки бахше аз риштакӯҳи Албурз аст ва шомили 45 қуллаи аслӣ мешавад, ки муҳимтарину баландтарини қуллаҳо Тахти Сулаймон бо 4643 метр иртифоъ аст.

Тахти Сулаймон

 

 

Дено

Риштакӯҳи Деноро метавонем ба унвони бузургтарину баландтарин чинхӯрдагии риштакӯҳи бузурги Зогрус бишносем. Риштакӯҳи Дено байни устонҳои Куҳгилӯя ва Буйир Аҳмаду Исфаҳон қарор дорад. Ин риштакӯҳ 49 қулла бо баландии болои 4000 метр дорад. Ин минтақа яке аз муҳимтарин манотиқи муҳитбонии Эрон аст.

Дено

 

 

Қоли-кӯҳ

Қоли-кӯҳ дар 80 километрии ҷануби ғарбии шаҳристони Алигударзи устони Луристон қарор дорад ва аз он метавон ба унвони яке аз баландтарин кӯҳҳои ҷануби ғарбии Эрон ёд кард. Баландии Қоли-кӯҳ 4055 метр аст. Пӯшиши гиёҳӣ ва ҷонварии кӯҳ бисёр бикру табиӣ аст ва анвои парандагони шикорӣ, хирс, гуроз ва гург дар ин минтақа ёфт мешаванд.

Қоли-кӯҳ

 

 

Уштурон-кӯҳ

Уштурон-кӯҳ, риштакӯҳе дар наздикии шаҳристони Азно, дар устони Луристон аст, ки тӯле баробар бо 50 километр дорад. Уштурон-кӯҳ бидуни шак яке аз зеботарин кӯҳҳои Эрон аст, ки пиряхҳои табиӣ ва доимии зиёде дорад. Баландтарин қуллаи Уштурон-кӯҳ, қуллае маъруф ба Чоли Кабуд аст, ки ҳудуди 4100 метр иртифоъ дорад. Пӯшиши гиёҳии ин минтақа бисёр мутанаввеъ аст ва аз ҷумлаи гиёҳоне, ки дар ин минтақа рушд мекунад, метавон ба ревос (ревоҷ), гӯн (астрагал) ва пистаи кӯҳӣ ишора кард.

Уштурон-кӯҳ

 

 

Шир-кӯҳ

Шир-кӯҳ, кӯҳе дар ҷануби шаҳристони Язд, дар наздикии қарияи Деҳ аст. Иртифои ин кӯҳ баробар бо 4075 метр аст ва як рӯза метавон ба қуллаи ин кӯҳ боло рафт. Бар фарози Шир-кӯҳ чашмаҳои оби гуворое вуҷуд дорад, ки бар ҷаззобияти он афзуда аст.

Шир-кӯҳ

 

Саҳанд

Саҳанд - риштакӯҳе дар ҷануби шарқии Табрез, устони Озарбойҷони Шарқӣ (шимоли ғарби Эрон) аст, ки се қуллаи баланд дорад, ки баландтарини онҳо 3700 метр иртифоъ дорад. Шояд камтар касе бидонад, ки Саҳанд як оташфишони ғайрифаъол аст ва чашмаҳои оби маъдании зиёдеро дар дили худ ҷой додааст.

Саҳанд

 

 

Алванд

Алванд - кӯҳистоне дар дили Ҳамадон (ғарби Эрон) аст, ки қуллае бо баландии 3500 метр дорад. Ин кӯҳистони зебо дар ҷануби Ҳамадону шимоли Туйсиркон қарор дорад. Ин қуллаи зебо бештари авқот пӯшида аз барф аст. Чашмаҳои оби Алванд - обе бисёр хунуку гуворо дорад.

Алванд

 

Бинолуд

Кӯҳи Бинолуд дар шимоли шарқии Эрон қарор доштаву баландии баробар бо 3150 метр дорад. Ин риштакӯҳи зебо дар воқеъ дунболаи риштакӯҳи Албурз аст ва дар шимоли Нишопур қарор дорад. Ин кӯҳи зебо даштҳои Нишопур ва Машҳадро аз ҳам ҷудо мекунад.

Бинолуд