Имом Хоманаӣ: Таҷрибаи БарҶом мегӯяд, музокира бо Амрико ҳеҷ мушкилеро ҳал намекунад
-
Имом Хоманаӣ
Порс-Тудей. Имом Хоманаӣ субҳи имрӯз – ҷумъа, дар солрӯзи байъати таърихии ҳамофарону коркунони Нерӯи ҳавоии Эрон бо имом Хумайнӣ (раҳ) дар 19 баҳмани 1357, дар дидори ҷамъе аз фармондеҳону коркунони Неруи ҳавоӣ ва падофанди артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфтанд: Музокира бо Амрико ҳушмандона, оқилона ва шарофатмандона нест.
Раҳбари инқилоби исломӣ дар ин дидор, рӯзи таърихии 19 баҳманро рӯзи таваллуди артише сарафроз, мустақилу дорои ҳувият хонданд ва бо ишора ба таҷрибаи беҳосили ҳудуди 2 сол музокира бо Амрико дар даҳаи навад (даҳаи 1390) ва иқдоми Амрико дар зери пой гузоштани ҳамаи тааҳҳудоти худ, афзуданд: Музокира бо Амрико ҳеҷ мушкиле, аз ҷумла душвориҳои иқтисодиву маишатиро ҳал намекунад. Ҳамон тавр, ки ҳал накард. Бинобарин, роҳи ҳалли мушкилот ҳиммати масъулони мутааҳҳиду ҳамроҳии миллати муттаҳид аст, ки иншоаллоҳ рӯзи 22 баҳман ин иттиҳоду ҳамдилиро хоҳем дид.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари инқилоби исломӣ, имом Хоманаӣ дар идома бо ишора ба пуркории Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаи музокира ва рафтуомаду бастани қарордод бо ҳамаи кишварҳои дунё, таъкид карданд: Танҳо истисное ки дар ин замина вуҷуд дорад, Амрико аст. Албата исми режими саҳюнистиро ба унвони истисно намебарем, чаро ки ин режим асосан давлат нест, балки як бонди ҷинояткору ғосиби сарзамин аст.
Раҳбари инқилоби исломӣ дар табйини иллати истисно будани Амрико аз музокира гуфтанд:
Бархе вонамуд мекунанд, агар пушти мизи музокира биншинем, фалон мушкил ҳал мешавад, аммо воқеияте ки бояд дуруст бифаҳмем, ин аст, ки музокира бо Амрико ҳеҷ таъсире дар рафъи мушкилоти кишвар надорад.
Имом Хоманаӣ таҷрибаи манфии даҳаи 90 ва ҳудуди 2 соли музокира бо Амрико ва чанд кишвари дигарро, ки мунҷар ба бастани муоҳидаи ҳастаӣ шуд, далеле бар бефоида будани музокира бо Амрико хонданду афзуданд: Давлати он рӯзи мо, бо онҳо нишаст, рафтуомаду музокира кард, хандиданд, даст доданду рафоқат ва ҳама кор карданду муоҳидае ташкил шуд, ки дар он тарафи эронӣ бо саховати бисёр зиёд, имтиёзҳои зиёде ба тарафи муқобил дод, аммо амрикоиҳо ба он муоҳида амал накарданд.

Эшон бо ишора ба суханони раисиҷумҳури кунунии Амрико дар бораи пора кардани БарҶом, хотирнишон карданд: Қабл аз ӯ ҳам давлати қаблии Амрико, ки муоҳидаро пазируфта буд, ба он амал накарду таҳримҳои Амрико, ки қарор буд бардошта шавад, бардошта нашуду масъалаи Созмони Милал ҳам ҳамчун устухоне байни захм боқӣ монд, ки ҳамеша монанди таҳдиде бар болои сари Эрон боқӣ бимонад.

Имом Хоманаӣ дар ин дидор ҳамчунин бо ишора ба талоши амрикоиҳо барои тағйири нақшаи ҷаҳон гуфтанд: Ин кори онҳо ҳеҷ гуна воқеияте надорад ва фақат бар рӯи коғаз аст. Албатта онҳо дар бораи мо ҳам назар медиҳанд, ҳарф мезананд ва таҳдид мекунанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд: Агар моро таҳдид кунанд, мо ҳам онҳоро таҳдид мекунем, агар таҳдиди худро амалӣ кунанд, мо низ таҳдидамонро амалӣ мекунем ва агар ба амнияти миллати мо таарруз кунанд, мо ҳам бидуни тардид ба амнияти онҳо таарруз мекунем.

Эшон, дифоъ аз Эронро сарлавҳаи корҳову тақвияти артишро муҳимтарин вазифа хонданду афзуданд: Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бояд аз лиҳози неруи инсонӣ, таслеҳот, омӯзиш, омодагиҳои размиву дифоӣ, рафъи нуқоти заъфу осебҳои эҳтимолӣ, истимрори ибтикору тавлидоти навоварона рӯз ба рӯз тақвият шавад ва собит кунад, ки корҳои бисёр бузургтаре ҳамро метавонад анҷом диҳад.

* Дар 19 баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ (8 феврали 1979), ҷамъе аз ҳамофарони Неруи ҳавоии артиш дар Мадрасаи алавии Теҳрон бо ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон дидор ва бо баргузории режа ё парад, пайравӣ аз эшонро ба таври расмӣ эълом карданд. Ин дидору байъат зарбаи корӣ бар пайкари режими паҳлавӣ, ки тобеи сиёсатҳои Амрико буд, ворид кард. Инқилоби исломии Эрон 11 феврали 1979 (22 баҳмани 1357) ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.