Наздик шудани беш аз пеши Эрону Авруосиё
(last modified Sun, 16 Feb 2025 10:10:56 GMT )
Феврал 16, 2025 15:10 Asia/Dushanbe
  • Наздик шудани беш аз пеши Эрону Авруосиё

Порс тудей - Раиси кулли Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон гуфт, ки аъзои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аз баргузории намоиши тавонмандиҳои содиротии Эрон истиқбол карданд.

Муҳаммадалии Деҳқонии Деҳнавӣ, раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон бо ишора ба ҳузури пурранги ширкатҳои эронӣ дар намоишгоҳи Авруосиё тасреҳ кард: Тавонмандиҳои тавлидкунандагони эронӣ бо ҳадафи содирот ба кишварҳои Авруосиё дар ин рӯйдод ба намоиш гузошта хоҳад шуд ва дар канори ин ширкатҳо аз кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё низ ҳузур хоҳанд дошт.

Ба гузориши Порс тудей, Деҳқонии Деҳнавӣ афзуд: Эрон ба лиҳози сиёсии равобити хубе бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дорад ва аз манзари иқтисодӣ низ илова бар имзои мувофиқатномаи тиҷорати озод бо ин кишварҳо, узвияти нозири мо дар иттиҳодия пазируфта шуд.

Ба гуфтаи вай, мувофиқатномаи тиҷорати озоди Эрону Авруосиё то ду моҳи дигар ниҳоӣ ва иҷроӣ мешавад ва дар чорчӯби ин мувофиқатнома фурсатҳои бисёре пеши рӯи ду тараф қарор мегирад.

Намоишгоҳи байналмилалии Авруосиё 21 то 24 феврал дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд ва кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё барои ширкат дар ин намоишгоҳ эъломи омодагӣ кардаанд.

Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, як иттиҳодияи иқтисодӣ миёндавлатӣ шомили Беларус, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Арманистон аст ва Эрон узви нозири иттиҳодияи иқтисодии ин иттиҳодия аст. Дар 19 январи 2023 Эрон ва Иттиҳодияи Авруосиё тавофуқномаи тиҷорати озод имзо карданд.

Эрон 87 дарсади тарофаҳо дар кишварҳои узви Авруосиёро ҳазф мекунад

Дар ҳамин замина, Саидмуҳаммади Атобак, вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон гуфт: 240 миллион нафар узви кишварҳои Авруосиё ҳастанд, ки шомили бахше аз ҷомеъаи мавриди ҳадафи тиҷорати Эрон аст, ки 87 дарсади тарофаҳо дар он сифр мешавад.

Вазири санъат, маъдану тиҷорати Эрон, тавофуқномаи тиҷорати Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро тасҳилкунандаи табодулоти байни бонкӣ, миёни туҷҷор ва бозаргонон донист.

Тавсеаи сармоягузориҳои муштарак дар миёни кишварҳои узви Иттиҳодияи Авруосиё

Хусрав Ҳасанбегов, намояндаи Маркази тавсеаи содироти Русия дар Эрон гуфт: Иҷрои тавофуқномаи тиҷорати озод байни Эрону Авруосиё тасҳилкунандаи қудратмандӣ барои рушди мубодилоти тиҷорӣ байни Русия ва Эрон хоҳад буд. Ин тавофуқ мавонеъи тарофаӣ барои тайфи густардае аз колоҳоро аз байн мебарад ва онҳоро дар бозорҳои ҳар ду кишвар рақобатиттар мекунад. Ин тавофуқ ба мо ин имконро медиҳад, ки равандеро барои ҷойгузинии воридот аз кишварҳои ғайри дӯст бо арза дар тиҷорати мутақобил эҷод кунем. Илова бар ин, тавофуқномаи тиҷорати озоди Эрону Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, шароити матлӯберо барои тавсеаи сармоягузориҳои муштарак эҷод хоҳад кард.