Имом Хоманаӣ: Тарҳи аҳмақонаи Амрико барои Ғазза ба ҳеҷ ҷо нахоҳад расид
-
Дидори дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин ва ҳайати ҳамроҳ бо раҳбари Инқилоби Исломӣ
Порс тудей - Оқои Зиёд Ал Нахола, дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластину ҳайати ҳамроҳ асри сешанбе бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ дидор карданд.
Ба гузориши Порс тудей, раҳбари Инқилоби Исломӣ дирӯз (сешанбе) дар дидори Зиёд Ал Нахола, дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластину ҳайат бо табрики пирӯзии муқовимат дар Борикаи Ғазза, таъкид карданд: Кори бузурги раҳбарону размандагони муқовимати Фаластин дар “иттиҳоду инсиҷом” ва “истодагӣ” дар муқобили душман ва ба пеши бурдани раванди печидаи музокирот ва ҳамчунин сабру истиқомати мардум, муқовиматро дар минтақа сарбаланд кард.
Имом Хоманаӣ, пирӯзии муқовимати исломӣ ва мардуми Ғазза дар баробари душмани саҳюнистӣ ва амрикоиро бисёр бо азимат тавсиф ва хотирнишон карданд: Ин пирӯзӣ як нассоби ҷадидеро дар муборизоти муқовиматӣ ба вуҷӯд овард.
Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба бархе тарҳҳои аҳмақонаи амрикоӣ ва ё бархе тарҳҳои дигар дар мавриди Ғазза ва Фаластин, гуфтанд: Ин тарҳҳо ба ҳеҷ ҷое нахоҳанд расед ва ҳамонҳое, ки яку нимсол пеш муддаии нобуд кардани муқовимат дар муддатзамони кӯтоҳ буданд, акнӯн усарои худро дар гуруҳҳои кучак аз размандагони муқовимат таҳвил мегиранд ва дар муқобил теъдоди зиёде аз усарои фаластиниро озод мекунанд.
Эшон шеваи муқовимат барои таҳвил додани усарои саҳюнистро муҷассамкунандаи азимати муқовимат дар муқобили чашми ҷаҳониён хонданд ва афзуданд: Акнӯн афкори умумии ҷаҳонӣ ба нафъи Фаластин аст ва дар ин шароит ҳеҷ тарҳе бидуни ризояти муқовимату мардуми Ғазза, ба саранҷом нахоҳад расид.
Дар ин дидор оқои Зиёд Ал Нахола зимни табрики пирӯзии бузурги муқовимат дар Ғазза ба раҳбари инқилоб, ин пирӯзиро марҳӯни ҳимоятҳои ҳамешагии Ҷумҳурии исломӣ ва ҳамчунин ҳидоятҳои шаҳид Саидҳасан Насруллоҳ донист ва гуфт: Муқовимати Фаластин дар яку нимсоли гузашта дар воқеъ дар ҳоли ҷанг бо Амрико ва Ғарб буд ва ба рағми нобаробар будани тавозуни қуво, муқовимати Фаластин тавонист ба пирӯзиҳои бузурге даст ёбад.
Вай, «ваҳдату инсиҷом»-и майдонӣ ва сиёсии гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ ва лубнониро яке аз авомили таъсиргузор дар пирӯзии Ғазза баршумурд ва зимни ироаи гузориш аз охирин таҳаввулоти Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ва раванди музокироту тавофуқи бадаст омада, таъкид кард: Мо ҳеҷ гоҳ масири муқовиматро фаромӯш нахоҳем кард ва ба унвони сарбозони муқовимат, ин масирро идома хоҳем дод.
* *
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ахиран пешниҳоди кӯчи иҷбории фаластиниён аз Ғазза ва интиқоли онҳо ба кишварҳои Миср ва Урдунро матраҳ ва ҳамчунин эълом кард, ки Амрико кантроли ин борикаро дар даст хоҳад гирифт. Ин изҳорот, ки ёдовари сиёсатҳои истеъморӣ ва ноқизи қавонини байналмилалӣ аст, мавҷе аз мухолифатҳо ва вокунишҳои минтақа ва байналмилалиро ба ҳамроҳ доштааст.