Пешбинии 3 сол пеши оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи Украина чӣ буд?
Порс тудей - Ҳисоби расонаии KHAMENEI.IR дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳушдори се соли гузаштаи раҳбари Инқилоби Исломӣ ба кишварҳоеро, ки пуштгармии онҳо ба Амрико аст, мунташир кард.
Се соли пеш, дар нахустин рӯзҳои ҷанги Украина, имом Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ бо таҳлили роҳбурдӣ ба решаҳои ин буҳрон пардохтанд ва таъкид карданд, ки Украина қурбонии сиёсати буҳронсозӣ Амрико шудааст. Эшон дахолати Амрико дар умӯри дохилии Украина, ҳимоят аз кудатаҳои махмалӣ ва иҷтимооти рангиро аз авомили аслии ин буҳрон донистанд. Имом Хоманаӣ афзуданд: «Пуштибонии қудратҳои ғарбӣ аз кишварҳо ва давлатҳое, ки дастнишондаи онҳо ҳастанд, як сароб аст, воқеият надорад; инро ҳамаи давлатҳо бидонанд.»
Ба гузориши Порс тудей, акнӯн баъд аз гузашти се сол, дурустии таҳлили раҳбари инқилоб беш аз пеш ошкор шуда ва расонаи KHAMENEI.IR шомгоҳи шанбе дар паёме, ҷумлае аз имом Хоманаиро ба забони форсӣ ва украинӣ ба ин шарҳ мунташир кардааст: «Ибрати аввал дар қазияи Украина ин аст, ки пуштибонии қудратҳои ғарбӣ аз кишварҳо ва давлатҳое, ки дастнишондаи онҳо ҳастанд, як сароб аст. Инро ҳамаи давлатҳо бидонанд. Он давлатҳое, ки пуштгармиашон ба Амрико ва ба Аврупо аст, бибинанд вазъи имрӯзи Украинаро.»
Гуфтанист, рӯзи ҷумъа Доналд Трамп ва Владимир Зеленский, руасои ҷумҳурии Амрико ва Украина дар Кохи Сафед нишаста буданд то Зеленский, ончӣ аз кишвараш боқимонда, яъне маодину манобеи табииашро тақдими Амрико кунад, аммо ин нишаст ба мушоҷирае тунд миёни онҳо дар баробари расонаҳо табдил шуд.
Трамп, муовинаш ва ҳамин тавр атрофиёнаш ба навбату борҳо муқобили хабарнигорон бар сари Зеленский фарёд заданд ва ҳатто як бор Трамп, Зеленскийро ҳул дод ва ба ӯ бо таҳаккум гуфт, ки сокит шавад!