Раҳбари инқилоб: Қуръон наҳваи рафтор бо қудратмадорони кофирро мушаххас кардааст
(last modified Mon, 03 Mar 2025 12:10:11 GMT )
Март 03, 2025 17:10 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб дар маҳфили унс бо Қуръон ва дар ҷамъи асотид ва қориёни мумтозу байналмилалӣ
    Раҳбари инқилоб дар маҳфили унс бо Қуръон ва дар ҷамъи асотид ва қориёни мумтозу байналмилалӣ

Порс тудей - Раҳбари Инқилоби Исломӣ гуфтанд: Миллати Эрон бо дигар миллатҳо мушкиле надорад, аммо имрӯз бо ҷабҳаи васеъе аз қудратмадорони кофар ё мунофиқ мувоҷеҳ аст.

Имом Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ асри дирӯз (якшанбе) дар аввалин рӯзи моҳи мубораки Рамазон, «дар маҳфили унс бо Қуръон ва дар ҷамъи асотид ва қориёни мумтозу байналмилалӣ», бо ишора ба ниёзи фардӣ, иҷтимоӣ ва миллӣ ба омӯзаҳои илоҷбахши Қуръон таъкид карданд: Ҷомеъаи қуръонӣ ба гунае амал кунад, ки чашмаҳои маънавии китоби Аллоҳ дар дилҳо, афкор ва дар натиҷаи рафтору аъмоли ҳамаи мардум ҷорӣ шавад.

Ба гузориши Порс тудей, раҳбари Инқилоби Исломӣ бо табрики моҳи мубораки Рамазон ба унвони иди бузургу ҳақиқии муъминон афзуданд: Ниёзи ҷомеъа ба сарчашмаҳои поённопазири Қуръон барои илоҷи мушкилоти мухталиф, ниёзе ҷиддӣ ва воқеӣ аст.

Эшон дар табйини ниёзҳои фардӣ ба китоби илоҳӣ гуфтанд: Илоҷи ҳамаи амрози рӯҳӣ ва ахлоқии оҳоди башар монанди ҳасад, бухл, суизан, танбалӣ, худхоҳӣ, ҳавопарастӣ ва тарҷеҳи манофеи фардӣ ба манофеи ҷамъӣ дар Қуръон наҳуфта аст.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар заминаи иртибототи дарунии ҷомеъа низ хотирнишон карданд: Барои илоҷи мушкилоти иҷтимоӣ, аз ҷумла адолати иҷтимоӣ, ки баъд аз тавҳид муҳимтарин масаълаи ислом аст, ниёзманди муроҷиа ба Қуръон ҳастем.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Қуръонро дар арсаи иртиботот бо дигар кишварҳо низ роҳнамоӣ гуё ва дақиқ хонданд ва афзуданд: Миллати Эрон бо дигар миллатҳо мушкиле надорад, аммо имрӯз бо ҷабҳаи васеъе аз қудратмадорони кофар ё мунофиқ мувоҷеҳ аст, ки Қуръони Карим наҳваи рафтор бо онҳоро дар мароҳили мухталиф мушаххас кардааст, ки чӣ замоне бояд бо онҳо ҳарф бизанем дар чӣ марҳалае ҳамкорӣ кунем, чӣ ҳангом бо мушт ба даҳони онҳо бикӯбем ва чӣ вақте шамшер бикашем.

Эшон фаҳми маъониро дар асарбахшии тиловат муҳим донистанд ва афзуданд: Муъҷизаи таловат; ҷорӣ шудани мафоҳими қуръонӣ дар дилҳо ва амал ба онҳо аст.