“Мустатил”-и эронӣ бо мавзӯи султаи маҷозӣ, тандиси “Фуҷайра”-ро бурд
(last modified Tue, 22 Apr 2025 09:22:01 GMT )
Апрел 22, 2025 14:22 Asia/Dushanbe
  • Тасвире аз намоиши “Мустатил»-и эронӣ, барандаи тандиси Фуҷайра
    Тасвире аз намоиши “Мустатил»-и эронӣ, барандаи тандиси Фуҷайра

Порс-Тудей. Намоиши эронии “Мустатил» муваффақ ба дарёфти тандиси Фестивали байналмилалии монодрамаи Фуҷайраи Иморот шуд.

Намоиши эронии “Мустатил” пештар дар бистумин Ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳои иҷроии Ереван ва ҳафтумин Ҷашнвораи байналмилалии Inspiration-и Маскав рӯи саҳна рафта буд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз хабаргузории “Меҳр”, намоиши “Мустатил” ба тарроҳӣ, нависандагӣ ва коргардонии Саҳро Рамазониён, дар ёздаҳумини давраи Фестивали байналмилалии монодрамаи Фуҷайра муваффақ ба дарёфти тандиси ҷашнвора шуд ва дар миёни се иҷрои бартари ин давра қарор гирифт.

Дар ин давра аз ҷашнвора, ки аз 10 то 18 апрел дар Иморот баргузор шуд, намоишҳое аз кишварҳои Олмон, Фаронса, Испания, Юнон, Русия, Арманистон, Гурҷистон, Миср ва Тунис ҳузур доштанд ва бо якдигар ба рақобат пардохтанд.

Намоиши “Мустатил” дар бораи гирифтории инсон дар ҷаҳони маҷозӣ ва тасаллути расонаҳо бар зиндагӣ ва афкораш аст.