Эрон дар ҳоли сохти 20 моҳвораи ҷадид
-
Эрон дар ҳоли сохти 20 моҳвораи ҷадид
Порс тудей - Раиси Созмони фазоии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт : 20 моҳвораи эронӣ дар ҳоли сохтаст .
Ба гузориши Пор тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , « Ҳасани Солория » раиси Созмони фазоии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи намоишгоҳи INOTEX 2025 дар Теҳрон бо таъкид бар нақши ҳаётии ширкатҳои донишбунён дар таҳаққуқи аҳдофи калони фазоии кишвари афзӯд : Дар ҳоли ҳозир , сохту тавсеаи ҳудӯди 20 моҳвора дар қолаби консортиюмӣ аз ширкатҳои давлатӣ ва хусӯсӣ дар ҳоли иҷрост .
Хариди тазминии тасовири моҳвораии тавлиди дохилӣ
Солория ҳамчунин аз сиёсати хариди тазминии тасовири моҳвораии тавлид шуда тавассути моҳвораҳои бумӣ хабар дод ва гуфт : Ин тарҳ бо мушорикати фаъоли ширкатҳои хусӯсӣ ба иҷрои даромада ва зимни ҳимоят аз иқтисоди фазопоя , ба афзоиши зарфиятҳои фаннии кишвар дар ҳавзаи санҷиш аз дур кумак мекунад.
Афзоиши шитоби ҳузури ширкатҳои донишбунён дар санъати фазоӣ
Раиси Созмони фазоии Эрон бо ишора ба раванди рӯ ба рушди вуруди бахши хусӯсӣ ба санъати фазоии кишвар дар солҳои ахир изҳор кард : Дар се соли гузашта , мушорикати ширкатҳои донишбунён дар пружаҳои фазоӣ шитоб гирифтааст .