Январ 17, 2017 18:51 Asia/Dushanbe
  • Оғози гирдиҳамоии мудирони гурӯҳҳои забони форсии донишгоҳҳои ҷаҳон

Гирдиҳамоии мудирони гурӯҳҳои забон ва адабиёти форсиӣ ва эроншиносии донишгоҳҳо ва марокизи илмии хориҷ аз Эрон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саид Ризо Солеҳии Амирӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон дар паёме ба ин гирдиҳамоӣ, устодони забони форсиро сафирони сулҳу дӯстӣ дар саросари ҷаҳон донист .

Дар паёми Солеҳии Амирӣ омадааст: “Ончи дар гузари айём муҷиби мондагории забони форсӣ шудааст на қудрати сиёсӣ, на тавон ҷанговарӣ ва тасарруфи сарзаминӣ ва на иҷбору султа буда, балки ҷавҳараи маънавии ин забон боис шуда, дар густараи васее аз шимоли Чин то Аврупо дар миёни милали гуногун ва гуишварони мухталиф ва дар байни ақаллиятҳои фарҳангии мутафовит, ҳомили амиқтарин ва маънавитарин ва зеботарин паёмҳо ва аз арзишмандтарин дастовардҳои фарҳангӣ бошад”.

Вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон дар паёми худ ҳамчунин таъкид кард: “Пардохтан ба забони форсӣ сирфан омӯзиши як забон нест, балки арҷгузорӣ ба паёмест, ки дар тӯли қарнҳо ба ҳар куҷо рафта базри дӯстӣ ва муҳаббат ва ҳамзистии мусолиматомез кошта ва ба ҳар қаламраве, ки ворид шуда, на забони фотиҳони қудратмадор балки забони қудратмандони фарҳангмадор яъне аҳли фарҳангу адабу ҳунар буда ва асоси ҳастии маънавӣ гардидааст”.

Гирдиҳамоии мудирони гурӯҳҳои забону адабиёти форсӣ ва эроншиносии донишгоҳҳо ва марокизи илмии хориҷ аз Эрон фардо чаҳоршанбе низ дар донишгоҳи Аллома Таботабоии Теҳрон идома меёбад .