Вазири умури хориҷаи Эрон: Ҳар гуна таҳдид ё таҳқир фақат мунҷар ба бурузи қудрати воқеии Эрон хоҳад шуд
(last modified Sat, 28 Jun 2025 06:48:08 GMT )
Июн 28, 2025 11:48 Asia/Dushanbe
  • Сайид Аббоси Ироқчӣ,  вазири умури хориҷаи Эрон
    Сайид Аббоси Ироқчӣ,  вазири умури хориҷаи Эрон

Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ёвагӯии раиси Ҷумҳурии Амрико таъкид кард, ки эҳтироми мутақобил шарти гуфтугӯ acт ва ҳар гуна таҳдид ё таҳқир фақат мунҷар ба бурузи қудрати воқеии Эрон хоҳад шуд.

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Печидагӣ ва пойдории эрониён дар фаршҳои бошукӯҳи мо ба хубӣ шинохта шудааст, фаршҳое, ки бо соатҳо кори сахту сабурии бепоён бофта мешаванд. Аммо ба унвони як миллат, бунёни фикрии мо бисёр сода ва равшан аст: Мо ба арзиши худ воқифем, истиқлоламонро арҷ мениҳем ва ҳаргиз иҷоза намедиҳем дигарон барои сарнавишти мо тасмим бигиранд.

Ироқчӣ афзуд: Агар Доналд Трамп, раиси Ҷумҳурии Амрико воқеан хоҳони як тавофуқ аст, бояд лаҳни тавҳиномезу ғайриқобили қабули худро нисбат ба Раҳбари инқилоби исломӣ канор бигузорад ва даст аз ранҷондани миллионҳо пайрави дилсӯзу содиқи ӯ бардорад.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо киноя ба истимдоди режими саҳюнистӣ аз Амрико дар таҷовуз ба Эрон афзуд: Миллати бузургу қудратманди Эрон, ки ба ҷаҳон нишон дод, режими Исроил чорае ҷуз паноҳи бурдан ба “падар” надошт то аз нобудӣ дар баробари мушакҳои мо бигурезад, таҳдиду тавҳинро барнаметобад.

Ироқчӣ бо ҳушдор ба мақомоти саҳюнистӣ ва амрикоӣ гуфт: Агар таваҳҳум муҷиби хатоҳои бузургтаре шавад, Эрон бидуни тардид тавон воқеии худро ошкор хоҳад кард. Тавонмандие, ки қатъан ба ҳар гуна таваҳҳум дар бораи қудрати Эрон поён хоҳад дод.

Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон таъкид кард: Ҳусни ният, ҳусни ният меоварад ва эҳтиром, эҳтиром.