Ваҳдати адён дар баробари саҳюнисм; баргузории ҳамоиши миллии раҳбарони динии Эрон
-
Ваҳдати адён дар баробари саҳюнисм; баргузории ҳамоиши миллии раҳбарони динии Эрон
Порс тудей- Ҳамоиши миллии адёни Илоҳи ва масъалаи таҳоҷуми саҳюнисм ва ғарб ба Эрон бо ҳузури ҷамъи аз шахсиятҳои барҷастаи адёни Илоҳии Эрон баргузор шуд.
Дар ҳамоиши миллии адёни Илоҳи ва масъалаи таҳоҷуми саҳюнисм ва ғарб ба Эрон ки рузи чаҳоршанбе дар Теҳрон баргузор шуд Оятуллоҳ Алиакрбари Рошид раис ва муассиси пажуҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломии Эрон, Муҳаммадҳасани Ахтари раиси шурои олии Маҷмаи ҷаҳонии аҳлибайт(а), Юнуси Ҳумомилолазор раҳбари анҷумани Калимиёни Эрон, Оркул Сурушпур узви анҷумани Асқафи аъзами аромина, Мортерсои Бинёмин Асқафи аъзами калисои шарқи ошур ва Педроми Сурушпур узви анҷумани мубдони зардушти ҳузур доштанд. Ба гузориши Порс тудей Юнуси Ҳумомилолазор дар ин ҳамоиш гуфт: Дар ҷанги 12 руза инсиҷом, ваҳдат ва таърихи дурахшони Эрон худро нишон дод чизе, ки баргирифта аз тамадуни эронӣ аст.
Олимони масеҳи муқобили рафтори Трамп бистанд
Дар идомаи ин ҳамоиш Муҳаммадҳасани Ахтари раиси шурои олии Маҷмаъи ҷаҳонии аҳлибайт(а) изҳор кард: Имруз дар қиболи рафтори Амрико ҳеҷ таҳлилгар ва ҳуқуқдонеро наметавон пайдо кард, ки ҳуҷҷати барои ҳамла ба Ҷумҳурии Исломии Эрон биёрварад. Ҳамаи уламои дин дар ҳар мазҳаби дифоъи инсон аз худаш аз номусаш, хона ва кишварашро воҷиб медонанд имруз агар Трамп ҳамла мекунад худро масеҳи медонад ва лозим аст масеҳиёни ҷаҳон эълом кунанд ин дуруғ мегуяд ва масеҳи нест. Имруз дар дунёи Ислом олимони Ал-Азҳари Миср мавзеъгири карданд, аммо кифоят намекунад бояд иқдомоти амали дошта бошад ва бояд раисони адиён дар Созмони Милал кишварҳоро ба ҳаракат дароваранд.
Шари режими саҳюнистӣ эрониёнро муттаҳид кард
Оркол Кодеҳчиён дастёри Асқафи аъзами аромина ҳам дар ин ҳамоиш таъкид кард: Режими саҳюнистӣ бо рафторҳои худ ҳамаи қавонини байналмилалро зери по гузошта аст вай ҳамчунин бо ишора ба ҷанги ахир ва иттиҳоди эрониён гуфт: Шаре ки режими саҳюнистӣ бонии он буд боис шуд эрониён беш аз пеш муттаҳид шаванд ва ба шуҳадое, ки мубориза табдил шуданд эҳтиром бигузоранд.
Эрон ниёзманди бомби ҳастаӣ нест
Мортерсои Бинёмин Асқафи аъзами калисои шарқи ошури низ дар суҳбатҳое баён дошт: Шаҳодат дар ҳамаи адён нақтаи муштарак ва пазируфташуда аст ин арзишманд аст касоне ҷони худро барои амният ва оромиши мо фидо мекунанд. Шаҳидони мо рафтанд, аммо номи шаҳидон боқи монд вай бо интиқод аз амалкарди Созмони Милал гуфт: Вазифаи Созмони Милал чист? Оё фақат таъасуф гуфтан аст? Оё шурои амният бояд амнияти ҷаҳонро таъмин кунад ё шурои адами амният аст, ки танҳо манофеъи бархе давлатҳоро таъмин мекунад?! Асқафи аъзами калисои шарқи ошур гуфт: Барои он ки битавонем дар муқобили зиёдахоҳиҳои душманон бистем ниёзманди бомби ҳастаӣ нестем бомбҳои мо мардум ҳастанд, мардуми Эрон дар ин 47 сол ҳамеша пуштивонаи низом ва кишварашон буданд.