Зариф: Трамп бо канор гузоштани БАРҶОМ шигифтзада хоҳад шуд
Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Агар раисҷумҳури мунтахаби Амрико барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ-)ро канор бигузорад, шигифтзада хоҳад шуд.
Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, рӯзи чаҳоршанбе дар мизи гирде дар нишасти Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар Давоси Швейтсария гуфт, агар Доналд Трамп, номзади пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бихоҳад, дар бораи тавофуқи ҳастаии Эрону гурӯҳи 5+1 аз нав музокира кунад, шигифтзада мешавад.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин аз давлати Барак Обама ба далели комил амал накардан ба тааҳҳудҳои худ дар БАРҶОМ ба вижа дар бораи мушкилоте, ки бонкҳои эронӣ бо онон мувоҷеҳанд, интиқод кард.
Зариф ҳамчунин бо ишора ба музокироти сулҳи Сурия дар Остона, пойтахти Қазоқистон гуфт: Интизорот аз ин нишаст бояд дар сатҳи мутаодил бошад, аммо умедворем, ки ҳадди ақал битавонем оташбасро дар Сурия густариш диҳем.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар бахше аз суҳбатҳояш бо баёни инки далеле барои хусумат миёни Эрону Арабистон намебинад, хостори ҳамкории ду кишвар барои ҳалли сиёсии буҳрони Сурия шуд.
Вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз дар ҳошияи нишасти Давоси бо ҳамтои швейтсарияии худ дидор кард.
Дутараф дар ин дидор охирин раванди равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла бахши молӣ ва бонкҳоро баррасӣ ва аз иҷрои нақшаи роҳи равобити ду кишвар ибрози ризоят карданд.