Чаро Эрон полоишгоҳҳои Ашдод ва Ҳайфоро дар сарзаминҳои ишғолиро ҳадаф қарор дод?
Порстудей: Полоишгоҳи Ашдод ҳамчунон дучори харобии фаннӣ аст ва полоишгоҳи Ҳайфо низ ба далели осеб бар асари ҳамлаи мушакии Эрон ғайрифаъол боқӣ мондааст.
Полоишгоҳи Ашдод дувумин полоишгоҳи бузурги Исроил аст,ки харобии он байни 13 то 18 миллион доллар зарар ба бор овардааст. Полоишгоҳи Ҳайфо низ ки сеяки сузишвории режими саҳюнистиро таъмин мекунад чунин вазъиятро дорад. Дар ҳамин ҳол Вазорати энержии Исроил гуфтааст тавлиди бензин пас аз ҳамлаи Эрон ба сифр расидааст.Шабакаи мутолиъоти Фаластин бо ин савол ки чаро Эрон бузургтарин полоишгоҳи Исроилро ҳадафи ҳамла қарор дод? Чунин навиштааст: Ин полоишгоҳ ,ки бо номи Базан низ маъруф аст,ба далели найши ҳаётиаш дар соҳаҳои иқтисодӣ ва амниятии Исроил ҳадафи стратегӣ ҳисоб мешавад,ки тавассути бародарони Уфер идора мешавад. Лозим ба зикр аст киштиҳои тиҷории холдинги бародарони Уфер тули ду соли гузашта тавассути неруҳои муқовимат ҳадафи ҳамла қорор гирифтанд.
Далелҳои аслии ҳадафи ҳамла қарор гирифтани ин полоишгоҳ чунин аст:
Фалаҷ кардани иқтисоди режими саҳюнистӣ
Аз онҷо ки полоишгоҳи Базан сузишвории неруи ҳавоии Исроилро таъмин мекунад,ҳадаф қарор гирифтанаш метавонад боиси коҳиши тавони низомии ин режим шавад.