Чаро дидори Пизишкиён аз Покистон дар муъодилоти геополитикии минтақа аҳамияти вижае дорад?
Порс Тудей– Сафари Пизишкиён ба Покистон на танҳо намоде аз дипломатияи фаъоли Теҳрон аст, балки метавонад нишонае аз нақшиофаринии Эрон дар муъодилоти геополитикии минтақа бошад.
Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба Покистон сафар кардааст, дар садри як ҳайати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо истиқболи расмии нахуствазири ин кишвар вориди Исломобод шуд.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ва ҳамчунин Ризо Амирии Муқаддам, сафири Эрон дар Исломобод, дар бадви вуруди ҳайати олирутбаи Эрон аз Масъуди Пизишкиён ва аъзои ҳайати ҳамроҳ истиқбол карданд. Сафари расмии Пизишкиён ба Покистон, нуқтаи атфе дар равобити деринаи Теҳрону Исломобод башумор меояд.
Дар ин сафар, сарони ду кишвар бо ҳадафи бозтаърифи муносиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ, тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ ва ҳамафзоӣ дар ҳавзаҳои амниятӣ ва сиёсӣ гуфтугу хоҳанд кард. Раисиҷумҳури Эрон рӯзи шанбе 11 мурдод (2 август) вориди Лоҳур шуд ва пас аз боздид аз оромгоҳи Аллома Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ, роҳии Исломобод шуд. Боздиди Пизишкиён аз оромгоҳи Аллома Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ, ки ҳамвора яке аз намодҳои ҳамкориҳои фарҳангии Эрон ва Покистон будааст, дипломасии фарҳангиро ба унвони бистаре барои таъмиқи равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ ба намоиш гузошт.
Табодули дидгоҳҳо дар бораи таҳаввулоти ҷории минтақаӣ, аз ҷумла авзоъи Ғазза , Ғарби Осиё ва паёмадҳои таҷовузгарии режими саҳюнистӣ низ бахше аз меҳварҳои гуфтугуҳои Пизишкиён мақомоти покистонӣ хоҳад буд. Дар канори он, барномарезӣ барои баргузории нишасти Камиссиони муштараки иқтисодии Эрону Покистон дар Теҳрон низ дар дастури кори тарафайн қарор дорад.
Ин сафар, панҷумин дидори расмӣ миёни сарони ду кишвар тайи як соли гузашта маҳсӯб мешавад ва танҳо ду моҳ пас аз сафари муштараки нахуствазир ва фармондеҳи артиши Покистон ба Теҳрон анҷом мешавад. Тамосҳои телефонии мустамар миёни Пизишкиён ва Шаҳбоз Шариф тайи моҳҳои гузашта, нишон аз иродаи ҷиддии ду тараф барои таъмиқи ҳамкориҳои дуҷониба дорад. Ин боздид на танҳо дар тақвими дипломатии Эрону Покистон, балкӣ дар муъодилоти геополитикии минтақа низ аҳамияти вижае хоҳад дошт.
Сафари расмии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Покистон, ки бо истиқболи гарми мақомҳои олии ин кишвар ҳамроҳ шуд, нуқтаи атфе дар масири таҳкими равобити Теҳрон ва Исломобод, бавижа дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва минтақаӣ талаққӣ мешавад; сафаре, ки дар чорчӯби сиёсати тақвияти дипломасии ҳамсоягӣ ва тавсеаи пайвандҳои минтақаии давлати чаҳордаҳум сурат гирифта ва дастовардҳои қобили таваҷҷуҳе дар равобити дуҷониба хоҳад дошт.
Сафари Пизишкиён ба Покистон, намоде аз иттиҳоди кишварҳои мусулмон дар баробари таҳдидҳои муштараку талош барои эҷоди чорчӯбҳои муштараки минтақаӣ аст. Таҳкими пайвандҳои Эрону Покистон на танҳо ба суботи ду кишвар, балки ба оромишу амнияти кулли минтақа кумак хоҳад кард. Дар шароите, ки минтақа дар натиҷаи сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи Амрико бо бесуботӣ мувоҷеҳ шудааст, ҳамкории ду кишвари мусулмон, пурҷамъияту дорои марзҳои тӯлонии муштарак, метавонад улгӯе барои таъомули муассиру созанда дар ҷаҳони ислом бошад.
Пизишкиён ва мақомоти олирутбаи Покистон бо ҳадафи бозтаърифи муносиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ, тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ ва ҳамафзоӣ дар ҳавзаҳои амниятӣ ва сиёсӣ гуфтугу хоҳанд кард. Эрону Покистон дар остонаи 78-умин соли равобити дипломатӣ қарор доранд ва ин сафар нуқтаи атфе дар таъмиқи ин равобит маҳсӯб мешавад. Ҳадафгузорӣ барои иртиқои ҳаҷми тиҷорати дуҷониба то сақфи 10 миллиард доллар, нишондиҳандаи иродаи ҷиддии тарафайн барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ аст.
Аҳамияти ҳамкориҳои минтақаии Эрону Покистон дар шароити геополитикии кунунӣ, фаротар аз як робита дуҷониба аст ва метавонад ба унвони як сутуни роҳбурдӣ барои субот, тавсеа ва муқобила бо таҳдидоти муштарак дар минтақа амал кунад. Покистон хоҳони мушорикати бодавом бо Эрон барои тасбити сулҳ дар минтақа аст ва бар ҳамкориҳои дифоӣ ва амниятӣ байни ду кишвар таъкид дорад. Ҳар ду кишвар дар баробари таҳдидоти муштарак монанди терроризм, қочоқ ва ноамниҳои марзӣ, роҳбурдҳои муштараки амниятиро дунбол мекунанд.
Теҳрону Исломобод ҳамчунин дар қиболи таҳаввулоти Ғазза ва таҷовузоти режими саҳюнистӣ, мавозеъи муштараку ҳимоятӣ иттихоз кардаанд, ки нишондиҳандаи ҳамсуии сиёсӣ ва эътиқодӣ аст. Ҳамкориҳои минтақаии Эрону Покистон на танҳо ба нафъи ду кишвар, балки ба нафъи кулли минтақа аст. Ин ҳамкориҳо метавонанд улгӯе барои ҳамгароии исломӣ, муқобила бо таҳдидоти фароминтақаӣ ва заминасози тавсеаи пойдор ва улгӯе барои кишварҳои минтақа бошад.