Ҳаҷми тиҷорати ғайринафтии Эрон дар чаҳор моҳи гузашта чӣ қадар буд?
Август 09, 2025 13:10 Asia/Dushanbe
Порс Тудей – Гумруки Эрон гузорише аз ҳаҷми тиҷорати ғайринафтии ин кишвар дар чаҳор моҳи гузаштаро мунташир кард.
Гумруки Эрон ба тозагӣ эълом кард, ки ҳаҷми вазнии тиҷорати ғайринафтии ин кишвар дар чаҳор моҳи гузашта ба 61 миллиону 20 ҳазор тон ва ба арзиши 34 миллиарду 175 миллион доллар расидааст.
Ба гузориши Порс Тудей, дар гузориши Гумруки Эрон омадааст: Аз маҷмӯи мубодилоти тиҷорати ғайринафтии Эрон, 48 миллиону 811 ҳазор тон коло ба арзиши 16 миллиарду 549 миллион доллар ба содироти ғайринафтӣ ихтисос дошт.
Бар асоси ин гузориш, Чин, Ироқ, Аморот, Туркия, Афғонистон, Покистон ва Уммон кишварҳои аслии мақсади содироти ғайринафтии Эрон будаанд.