Дидори сафири Англия дар Теҳрон бо сухангуи вазорати корҳои хориҷии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121518
Порс Тудей – Сафири Англия дар Теҳрон ва сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо якдигар дар бораи мавзӯъҳои таҳдидкунандаи сулҳ ва амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ карданд.
(last modified 2025-08-14T04:50:01+00:00 )
Август 14, 2025 09:47 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Англия дар Теҳрон бо сухангуи вазорати корҳои хориҷии Эрон

Порс Тудей – Сафири Англия дар Теҳрон ва сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо якдигар дар бораи мавзӯъҳои таҳдидкунандаи сулҳ ва амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ карданд.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаби чаҳоршанбе (23 мурдоди 1404) дар шабакаи X навишт: Рӯзи чаҳоршанбе дар дафтари худ бо Hugo Shorter, сафири Англия дар Теҳрон, дидор ва гуфтугӯ кардам. Ӯ афзуд: Мо дар бораи мавзӯъҳои таҳдидкунандаи сулҳ ва амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ ва зарурати масъулиятпазирии ҳамаи давлатҳо тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ баҳс кардем. / ИРНА