Энержии поки Эрон, фурсати беназир барои сармоягузорони хориҷӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121476
Порс Тудей- Эрон бо баҳрамандӣ аз манобеи табиии ғанӣ, яке аз кишварҳои мусоид дар соҳаи истеҳсоли энержиҳои таҷдидпазир, ба вижа энержияи хуршед(офтоб-) ва бодӣ аст.
(last modified 2025-08-12T02:27:32+00:00 )
Август 11, 2025 16:50 Asia/Dushanbe
  • Энержии поки Эрон, фурсати беназир барои сармоягузорони хориҷӣ

Порс Тудей- Эрон бо баҳрамандӣ аз манобеи табиии ғанӣ, яке аз кишварҳои мусоид дар соҳаи истеҳсоли энержиҳои таҷдидпазир, ба вижа энержияи хуршед(офтоб-) ва бодӣ аст.

Бо таваҷҷуҳ ба бӯҳронҳои зистмуҳитӣ, коҳиши манобеи сӯхтҳои фусилӣ ва ниёзи рӯзафзун ба энержияи пойдор, сармоягузорӣ дар эҳдоси нерӯгоҳҳои хуршедӣ ва бодӣ дар Эрон як фурсати иқтисодии муҳим ва ояндадор маҳсуб мешавад.

Ба гузориши Порс Тудей, тибқи омори Созмони энержияҳои таҷдидпазири Эрон (САТБА), потенсиали энергияи хуршедии кишвар беш аз 5000 гигават-соат дар сол тахмин зада шудааст, ки ҳудуди 15 баробари истеъмоли кунунии барқи Эрон аст. Бо таваҷҷуҳ ба бӯҳронҳои зистмуҳитӣ, коҳиши манобеи сӯхтҳои фусилӣ ва ниёзи рӯзафзун ба энергияи пойдор, сармоягузорӣ дар эҳдоси нерӯгоҳҳои хуршедӣ ва бодӣ дар Эрон як фурстати иқтисодии муҳим ва ояндадор маҳсуб мешавад.

Эрон ба таври миёна беш аз 300 рӯзи офтобӣ дар сол дорад ва табиши солонаи офтоб дар бисёре аз манотиқи кишвар байни 2000 то 2500 киловат-соат бар метр мураббаъ аст. Устонҳое монанди Язд, Кирмон, Исфаҳон ва Систон ва Балуҷистон, бо табиши хуршедӣ болотар аз миёнаи кишвар, беҳтарин манотиқ барои эҳдоси нерӯгоҳҳои хуршедӣ ба шумор меоянд. Ҳамчунин иқтидори бодии Эрон ҳудуди 35 ҳазор мегават баровард шудааст, ки устонҳои ғарбӣ ва шимолу шарқӣ монанди Хуросон, Ардабил, Занҷон ва Озарбойҷони ғарбӣ аз вазиши бодҳои доимӣ бо суръати миёнаи беш аз 7 метр бар сония баҳраманданд; шароите идеалӣ барои эҳдоси нерӯгоҳҳои бодӣ.

Аз назари иқтисодӣ, истеҳсоли барқ аз манобеи таҷдидпазир на танҳо боиси коҳиши арзиши сӯхтҳои фусилӣ мешавад, балки метавонад ба содироти барқ ба кишварҳои ҳамсояи Эрон монанди Ироқ, Афғонистон ва Покистон низ мунҷар шавад.

Давлати Эрон низ тӯли солҳои ахир ташвиқҳое монанди хариди замонатноки барқи таҷдидпазир, имтиёзҳои андозӣ ва тасҳилоти бонкӣ барои сармоягузорон дар ин соҳа дар назар гирифтааст. Ин ҳимоятҳо метавонанд бозгашти сармояро дар муҳлати муносиб таъмин кунанд.

Аз сӯи дигар, бо афзоиши тақозои ҷаҳонӣ барои энергияи пок, вуруд ба ин соҳа на танҳо дар дохили Эрон судовар аст, балки метавонад дар оянда имкони мушоркат дар лоиҳаҳои байналмилалиро низ фароҳам созад.

Фанновариҳои сохт ва насби панелҳои хуршедӣ ва турбинаҳои бодӣ низ дар ҳоли ҳозир ба сурати бумӣ ё бо воридоти маҳдуд дастрасанд, ки ин амр раванди иҷрои лоиҳаҳоро тасҳил кардааст.

Дар маҷмӯъ, бо таваҷҷуҳ ба потенсиали ҷуғрофии Эрон, ҳимоятҳои давлатӣ, бозори масрафи минтақавӣ ва ниёзи ҷаҳонӣ ба энергияи пок, сармоягузорӣ дар эҳдоси нерӯгоҳҳои хуршедӣ ва бодӣ метавонад яке аз ҳушмандонатарин интихобҳо барои сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ бошад.