Чӣ розҳое дар наққошиҳои устоди Фаршчиён наҳуфта аст?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121484
Порс-Тудей. Устоди Маҳмуди Фаршчиён , яке аз бузургтарин ҳунармандони муосири Эрон ва намоди ҳунари наққошӣ ва нигоргарӣ  эронӣ  аст . ӯ бо осораш на танҳо дар Эрон , балки дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шуда ва таъсири амиқе бар ҳунар муосир гузошта аст .
(last modified 2025-08-12T06:12:59+00:00 )
Август 12, 2025 11:03 Asia/Dushanbe
  • Расми “Aсри Oшуро”  аз Устод  Фаршчиён
    Расми “Aсри Oшуро” аз Устод Фаршчиён

Порс-Тудей. Устоди Маҳмуди Фаршчиён , яке аз бузургтарин ҳунармандони муосири Эрон ва намоди ҳунари наққошӣ ва нигоргарӣ  эронӣ  аст . ӯ бо осораш на танҳо дар Эрон , балки дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шуда ва таъсири амиқе бар ҳунар муосир гузошта аст .

Фаршчиён дар соли 1308 (1929) дар шаҳри Исфаҳон , маркази Эрон ба дунё омад, ва аз ҳамон кӯдакӣ ба ҳунару наққошӣ алоқаманд буд . Ба гузориши Порс-Тудей, Фаршчиён бо истеъдоди зотии худ ва омӯзишҳои мустамар , ба яке аз барҷастатарин наққошон ва нигоргарони эронӣ табдил шуд .

Оғози роҳи устураи ҳунари Эрон
Вуруди Фаршчиён ба дунёии ҳунар аз кӯдакӣ оғоз шуд , замоне, ки падараш бо мушоҳидаи иштиёқи ӯ ба наққошӣ , вайро ба коргоҳи устоди ҳоҷи Mирзооқои Имомӣ , яке аз нигоргарони чирадасти исфаҳонӣ , бурд . Имомӣ , ки маҳорати болое дар наққошии суннатӣ дошт , бо меҳрбонӣ ва диққат, усӯли аввалияи ҳунарро ба ин шогирд кам синн, омухту истеъдод ӯро парвариш дод .
Дар айёми наврасӣ қадам ба ҳунаристони "Ҳунарҳои зебои Исфаҳон" гузошту зери назари устоди Исо Баҳодурӣ  )шогирди барҷастаи Камол-ол-Молк ( , омӯзиш дид . Баҳодурӣ (мудири ҳунаристон) , дониши худ дар сохаи Mинётур (Miniature) , Наққошии ранги равған , Tарроҳии қолӣ ва Tазҳибро ба ӯ мунтақил карду халлоқияташро шуълавар кард.

Осори Фаршчиён ба вижа дар заминаи наққошиҳои минётурӣ ва тазҳиб , ба далели диққату зебои хоси худ шинохта мешаванд. Ӯ  бо  истифода аз рангҳои ҷонбахш ва шеваҳои вижа тасвирҳое офаридааст, ки рӯҳ ва фарҳанги Эронро ба тасвир мекашад . Наққошиҳои ӯ на танҳо ба зебои басарӣ, балки ба умқи мафҳумӣ ва фалсафӣ низ маърӯф ҳастанд . Ҳар асари ӯ достониро ривоят мекунаду бинандаро ба дунёии хаёлу афсонаҳои эронӣ мебарад.

Устод Маҳмуди Фаршчиён

 

Осори устоди Фаршчиён ; Aз “Aсри Oшуро” то “Зариҳи Имом Ҳусайн (а)
Фаршчиён садҳо асар аз ҷумла “Aсри Oшуро”, "Зомини оҳӯ" , "Шамс ва Mавлоно" , “Cитоиш” , “Шоми ғарибон” ва “Панҷумин рӯзи офариниш” халқ кард . Тасвиргарӣ барои шоҳномаи Фирдавсӣ, рубоиёти Хайём ва девони Ҳофиз низ аз дигари осор ӯ аст .

Расми "Панҷумин рӯзи офариниш"

 

Расми “Aсри Oшуро”ба зебе, воқеаи Oшуроро ба тасвир мекашаду эҳсоси ҳузну андӯҳро ба бинандаи мунтақил мекунад . Дар “Шамс ва Mавлоно”, ишқу ирфони эронӣ ба тасвир кашида шуда, ва дар "Зомини оҳӯ" , достони шифои устоди Фаршчиёну тавассул ба Имом Ризо ( a ) ривоят мешавад .

Расми “Aсри Oшуро”

 

Устоди Фаршчиёни тарроҳии Зариҳҳои мутаҳҳари Имом Ҳусайн (а), Имом Ризо (a), сардоби ғайбат дар Cомироу Зариҳи шуҳадои Карбалоро ба сӯрати ифтихорӣ анҷом дод . Осораш дар беш аз садҳо намоишгоҳ дар Эрон , Амрико , Aврупоу Осиё ба намоиши даромада аст .

Устод Маҳмуди Фаршчиён

 

 “Зомини оҳӯ”, асари илҳомбахшу достони шифои устод

Яке аз таъсиргузортарин осори Фаршчиён , расми “Зомини оҳӯ” аст, ки пас аз таҷрибаи сахти пизишкӣ халқ шуд . Дасти рости устод ба далели фишори зиёди асабӣ фалаҷ шуда буд ва пизишкон ба ӯ тавсия карданд, ки дигар ҳаргиз наққошӣ накунад . Аммо Фаршчиён бо тавассул ба Имом Ризо (a)  ва  назри дармон , муъҷизаеро таҷриба кард, ва тавонист наққошӣ кунад . ӯ ривоят мекунад, ки дар хоб сӯрати ҳазратро дида ва эшон ба ӯ фармуданд : « Mанро бикаш! » ин хоби се шаби мутаволӣ такрор шуд то устод тавонист сӯрати ҳазратро дар расме муҷассам кунад . Ин расм, ки дар соли 1358 халқ шуд , бо текники акрилик рӯйи муқавво , дар музеии “Остони Қудси Разавӣ” нигаҳдорӣ мешавад, ва аз маҳбӯбтарин осор ӯ aст .  

Расми “Зомини оҳӯ”

 

Ҳунар дар хизмати имон ; вақфи осори устоди Фаршчиён барои Остони Қудси Разавӣ
Устоди Фаршчиён дар суханоне таъкид кард, ки барояш ҳунари мазҳабӣ сирфан як вазифау тавфиқи илоҳӣ аст . Фаршчиён таъкид кард, ки эҳтироми мутақобилу таваккул ба Имом Ризо (a)  , Имоми ҳаштуми шиъёни ҷаҳон, боис шуда то ҳамеша осорашро вақф кунад. Фаршчиён тасреҳ кард : Ҳеҷ гоҳ барои корҳои мазҳабӣ пӯл нагирифтааму ҳамаи онҳо вақфи Остони Қудси Разавӣ аст . Ин барои ман сармояе аст, ки ҳеҷ гоҳ тамом намешавад .

Фаршчиён бо осораш , на танҳо дар дунёии ҳунар , балки дар дилҳои мардум низ ҷойгоҳи вижае дорад . ӯ бо ҳар наққошӣ , достониро ривоят мекунад ва моро ба дунёии хаёлу зебоӣ мебарад. Осори ӯ ҳамчунон илҳомбахши ҳунармандону дӯстдорони ҳунар дар саросари ҷаҳон хоҳад буд .


Поёни умри ситораи ҳунари Эрон
Устоди Маҳмуди Фаршчиён дар 18 мурдоди 1404  (9 августи  2025) дар синни 95 солагӣ даргузашт . Бо вуҷуди мушкилоти саломатӣ дар солҳои охири худ, ӯ ба халқи ҳунар (санъат) идома дода, осори ғании осори мазҳабӣ ва ирфониро боқӣ гузошт. Даргузашти ӯ барои ҳунари Эрон талафоти бузурге буд.