Дастоварди ҷаҳонии пасти Эрон бо руботики ҳӯшманд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121782-Дастоварди_ҷаҳонии_пасти_Эрон_бо_руботики_ҳӯшманд
Порси тудей - Ширкати миллии пасти Эрон бо роҳандозии фанноварии руботики ҳӯшманд тавонист ҷоизаи навоварӣ дар санъати пастии иттиҳодияи Осиё - Уқёнусияро дар соли 2024 аз они худ кунад
(last modified 2025-09-06T02:24:17+00:00 )
Август 31, 2025 13:38 Asia/Dushanbe
  • Дастоварди ҷаҳонии пасти Эрон бо руботики ҳӯшманд
    Дастоварди ҷаҳонии пасти Эрон бо руботики ҳӯшманд

Порси тудей - Ширкати миллии пасти Эрон бо роҳандозии фанноварии руботики ҳӯшманд тавонист ҷоизаи навоварӣ дар санъати пастии иттиҳодияи Осиё - Уқёнусияро дар соли 2024 аз они худ кунад

Ширкати миллии пасти Эрон бо роҳандозии фанноварии руботики ҳӯшманд тавонист ҷоизаи навоварӣ дар санъати пастии иттиҳодияи Осиё - Уқёнусияро дар 2024 аз они худ кунад ; дастоварде. ки короӣ , суръату диққат дар пардозиши марсулотро ба сатҳи тоза рисондааст . Ба гузориши Порс тудей , моҳномаи иттиҳодияи пасти Осиё - Уқёнӯсия дар гузоришии тоза , аз дастовардҳои пасти Эрон дар ҳавзаи навоварии санъатӣ тамҷид кард . Дар ин гузориш омадааст ки пасти Эрон бо муаррифӣ ва пиёдасозӣ фанноварии руботики ҳӯшманд муваффақ шуд ҷоизаи навоварии ҳамоиши касбу кори пастии иттиҳодияи Осия - Уқёнусия ( APPU ) дар соли 2024ро касб кунад .

Фанноварии руботики ҳӯшманд ки нахустин бор дар марти 2023 ( фарвардини 1402 ) роҳандозӣ шуд , бо ҳадафи афзоиши короӣ , суръату диққат дар марокизи таҷзияи марсулоти тарроҳӣ шудааст . Ин система дар муддати ҳафт моҳ тавонист беш аз ду миллион марсуларо бо диққати саддарсадӣ таҷзия кунаду зарфияти пардозиши рӯзонаи 30 ҳазор марсула ба мақсади 64 нуқтаро фароҳам оварад .

Аз дигар вижагиҳои ин фанноварӣ метавон ба масрафи энержии поинтар нисбат ба системаҳои меканизи суннатӣ , қобилияти пардозиши номаҳо ва бастаҳои то вазни 7 килограм ва коҳиши ниёз ба нерӯи инсонӣ аз 30 нафар ба 7 нафар дар ҳар шифт ишора кард .

Ҳамчунин , муҳити кори ин сомона ба гӯнае тарроҳӣ шудааст ки имкони фаъолияти коркунон бо тавонои ҷисмии камтар низ фароҳам бошад .

Дар маркази таҷзия ва мубодилоти Теҳрон , 55 рубот дар фазойи маҳдӯд ба таври ҳамзамон то се ҳазор марсулаи пастиро дар соъат пардозиш мекунанд . Фози дувуми ин пруже низ бо истиқрори 25 рубот дар устони Кирмоншоҳ дар ҳоли иҷро аст .

Аҳдофи аслии ин тарҳ , афзоиши суръату диққат дар таҷзияи марсулот , иртиқои баҳраварии амалиётӣ , беҳбуди кайфияти хадамоту эҷоди зерсохтии ҳӯшманди ҳамсӯ бо фанновариҳои навин дар санъати пасти унвон шудааст .