Вокуниши корбарони эронии “X” ба “Snapback”: Таҳримҳо нерӯи пешбарандаи худкифоии Эрон мебошанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121792-Вокуниши_корбарони_эронии_x_ба_snapback_Таҳримҳо_нерӯи_пешбарандаи_худкифоии_Эрон_мебошанд
Порс-Тудей.  Корбарони эронии шабакаи “Х”, дар вокуниш ба иқдоми се кишвари аврупоӣ барои фаъол кардани раванди бозгардонидани таҳримҳо алайҳи Эрон, "snapback", таъкид карданд, ки ин таҳримҳо чун  гузашта, боиси пешрафт ва худкифоӣ дар Эрон хоҳад шуд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Август 30, 2025 15:26 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши корбарони эронии “X” ба “Snapback”: Таҳримҳо нерӯи пешбарандаи худкифоии Эрон мебошанд
    Вокуниши корбарони эронии “X” ба “Snapback”: Таҳримҳо нерӯи пешбарандаи худкифоии Эрон мебошанд

Порс-Тудей.  Корбарони эронии шабакаи “Х”, дар вокуниш ба иқдоми се кишвари аврупоӣ барои фаъол кардани раванди бозгардонидани таҳримҳо алайҳи Эрон, "snapback", таъкид карданд, ки ин таҳримҳо чун  гузашта, боиси пешрафт ва худкифоӣ дар Эрон хоҳад шуд.

Бритониё, Фаронса ва Олмон ба унвони се кишвари аврупоӣ, ки узви БАРҶОМ ҳастанд, рӯзи панҷшанбе, ба таври расмӣ ба Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид як « иблоғия » фиристоданд, то механизми бозгашти таҳримҳо алайҳи Эронро фаъол созанд. Арзёбии фаъолияти Иттиҳодияи Аврупо дар қазияи БАРҶОМ нишон медиҳад, ки ин иттиҳодия на танҳо ба  ваъдаҳои ҳуқуқии худ барои тазмини манофеи иқтисодии Эрон амал накард , балки бо пайравии комил аз таҳримҳои Амрико , созукорҳои иддаое барои хунсосозӣ ин таҳримҳо ( INSTEX )-ро ба як абзор беасару намойишӣ коҳиш дод .

Ба гузориши хабаргузории Порс-Тудей, корбарони эронии шабакаи "Х" таъкид кардаанд, ки иқдомоти тройка (се кишвари аврупоӣ) алайҳи Эрон на танҳо асари харобиовар бар иродаи миллӣ нахоҳад дошт, балки ҳамчун муҳаррики пешрафт ва дастёбӣ ба худкифоии бештар дар Эрон, чун гузашта амал мекунад.

Дар ин робита корбаре бо номи "Духтари эронӣ" навиштааст: “Аврупо танҳо дар зоҳир дар БАРҶОМ боқӣ монд. Пас аз хуруҷи Амрико таҳримҳоро як ба як амалӣ кард ва ду сол пеш бидӯни моша ва ҳеҷ заминаи ҳуқуқии дигарӣ, таҳрими таслеҳотиро лағв накард . Таъаҳҳудоти ҳуқуқии Аврупо аз оби бинии буз беарзиштар аст.”

 

Ҷаводи Зангане, як корбари дигари Х, низ навиштааст: “Душманони Эрон солҳост бо таҳриму таҳдид ва фишорҳо талош доранд эрониҳоро ба зону бикашанд. Аммо онҳо намедонанд, ки ин миллат ҳар дафъа аз сахтиҳо сарбаландтар берун шудааст. Сирри ин пирӯзӣ ҷуз ваҳдат ва ҳамбастагӣ чизе нест. Вақте, ки мо мардуми Эрон, канор ҳам меистем , ҳеҷ қудратии тавони муқобила бо моро надорад.”

 

“Заҳро Зоре” ҳамчунин гуфт: “Таҳримҳо ва таслим, ду гузина аст, ки Ғарб мехоҳад ба мо бидиҳад, аммо Эрон роҳи саввумро интихоб кардааст ва он истиқлол ва пешрафт дар ҷаҳони воқеӣ аст.”

 

Корбаре бо номи "Реҳана" инчунин қайд кард, ки механизми “snapback” маънои бозгашт ба ҳамон таҳримҳои гузаштаро дорад. Вай навишт: “Аммо мо зери сояи таҳримҳо ба илми ҳастаӣ, нанотехнология, доруҳои мураккаб ва мушакҳои нуқтазан (дақиқ) ноил нашудем? Таҳримҳо барои Эрон ба маънои як донишгоҳи ҳатмии худкифоӣ аст."

 

"Мутаҳри Фархорӣ" навиштааст: “Душманони Эрон донишмандони ҳастаии мо террор карданд, аммо саноеъи ҳастаии осоиштаи Эрон боқӣ монд. Ин ба он маъност, ки қудрати миллати Эрон болотар аз куштор ва таҳрим аст."

 

"Муҳаммад Содиқ Шаҳбозӣ" низ бар ин назар аст: "Эрониён чунин таҷрубаро ба даст овардаанд, ки ба ҷои он ки ба чанд кишвари аврупоӣ назар кунанд, бояд аз дарун нерӯманд шаванд ва барои безарар сохтани таҳримҳо ва аз байн бурдани осебпазирӣ талош кунанд."

 

"Fotemeh Roshandel," як корбари дигари эронӣ дар шабакаи “X”, гуфт: “Таҳримҳо ва таҳдидҳои Ғарб як фурсатест барои рафъи вобастагӣ ва ҳаракат ба сӯи қудрат ва худбоварӣ. Эрони қавӣ ба маънои амният, иқтисод ва илми бумӣ аст; ҳар кӣ бар зидди миллат истода бошад, зиёндида аст.”

 

«Нодир Номдор» ҳамчунин навиштааст, ки пояи кишварҳои ғарбӣ бар таҳримҳ устувор аст, ки ба ин далел пайваста бо Эрон душманӣ мекунанд ва ба тааҳҳудоти худ пойбанд нестанд.

 

"Мустафо" ҳам  гурезӣ ба  ҷанги 12-рӯзаи таҳмили режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон зад ва гуфт: "Ҷанги 12-рӯза нишон дод, ки Эрон нерӯи пешбари низомии минтақа аст. Дастовардҳои низомӣ аз ҷониби ҷавонони эронӣ зери ин таҳримҳо ба даст оварда шуданд."