« Шиа ва аҳли суннат воҳиданд » ; Ҳафтаи Ваҳдат ; мероси намодини инқилоби исломӣ ва Имом Хумайнӣ барои иттиҳоди уммати ислом
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121836-Шиа_ва_аҳли_суннат_воҳиданд_Ҳафтаи_Ваҳдат_мероси_намодини_инқилоби_исломӣ_ва_Имом_Хумайнӣ_барои_иттиҳоди_уммати_ислом
 Порс тудей - Имом ҷумъаи аҳли суннати Букони Эрон , Ҳафтаи Ваҳдатро яке аз баракоти бузурги инқилоби исломӣ барои уммати ислом унвон кард .
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 06, 2025 14:59 Asia/Dushanbe
  • « Шиа ва аҳли суннат воҳиданд » ; Ҳафтаи Ваҳдат ; мероси намодини инқилоби исломӣ ва Имом Хумайнӣ барои иттиҳоди уммати ислом
    « Шиа ва аҳли суннат воҳиданд » ; Ҳафтаи Ваҳдат ; мероси намодини инқилоби исломӣ ва Имом Хумайнӣ барои иттиҳоди уммати ислом

 Порс тудей - Имом ҷумъаи аҳли суннати Букони Эрон , Ҳафтаи Ваҳдатро яке аз баракоти бузурги инқилоби исломӣ барои уммати ислом унвон кард .

Момусти муло Аббоси Аҳмад имом  ҷумъаи аҳли суннати Букони Эрон дар хутбаҳои намози ҷумъа ки бо ҳузури густардаи намозгузорон дар масҷиди ҷомеъи ин шаҳр баргузор шуд , бо ишора ба оғози ҳафтаи Ваҳдату мелоди Паёмбари бузурги ислом ва ҳазрати Ҷаъфари Содиқ ( а ) , гуфт : Ҳафтаи Ваҳдат яке аз баракоти бузурги инқилоби исломӣ барои уммати ислом буд ; Зеро бовуҷӯди ин ҳафта , на танҳо барои Эрон ва аҳли суннату ташайюъ мояи иттиҳоду хайр ва баракат бӯда , балки бонии бедории кишварҳои исломӣ дар баробар душманон шуд . Агар мехоҳед бидонед Ҳафта Ваҳдат чист ва чаро муҳимаст , дар ин матлаб аз Порс тудей бо мо ҳамроҳ бошед .

Ваҳдаи тавсияи илоҳӣ дар Қуръони Карим

Худованд дар Қуръони тамоми пайравони адёни тавҳидиро ба ваҳдат бар асоси муштаракот фаро мехонд . Оёти фаровон дар Қуръон вуҷӯд дорад ки таъкид бар ваҳдати мусулмонон ва якпорчагии онон дорад . Дар китоби осмонии мусулмонон , ба ҳамон андоза ки бар рӯй ваҳдати онон таъкид шуда , аз тафриқа ва ҷудои миёни мусулмонон наҳй шудааст . Қуръони Карими  дар ояи 103 сӯраи Оли Имрон дар ин бора мефармоед: وَ اعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللّهِ جَمِیعًا وَلاَ تَفَرَّقُوا وَاذْکُرُوا نِعْمَةَ اللّهِ عَلَیْکُمْ إِذْ کُنتُمْ أَعْدَاءً فَأَلَّفَ بَیْنَ قُلُوبِکُمْ فَأَصْبَحْتُم بِنِعْمَتِهِ إِخْوَانًا وَکُنتُمْ عَلَی شَفَا حُفْرَةٍ مِّنَ النَّارِ فَأَنقَذَکُم مِّنْهَا.« Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг занеду пароканда ва гуруҳ гуруҳ нашавед ; Неъмати Худоро бар худ ёд кунед онгоҳ ки бо якдигар душман будед , пас миёни дилҳои шумо пайванду улфат барқарор кард , дар натиҷа ба раҳмату лутф ӯ бо ҳам бародар шудид , ва бар лаби гавдолӣ аз оташ будед , пас шуморо аз он наҷот дод ; Худо ин гӯна , нишонаҳои худро барои шумо равшан месозад то ҳидоят шавед . »

Ҳафтаи Ваҳдат

Ҳафтаи Ваҳдат фосилаи миёни 12  рабеъ-ул-аввал солгарди мелоди Паёмбари исломи бинобари ривоёти аҳли суннат , то 17  рабеъ-ул-аввал таърихи вилодати эшон бинобари ривоёти шиа аст . Ба ибтикори Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон , фосилаи ин ду таърих ба номи Ҳафтаи Ваҳдат номгузорӣ шудааст . Дар Ҳафтаи Ваҳдат дар Эрони исломӣ маросимҳои мутанаввиъӣ аз ҷумла барпои ҷашни бузург ва майдонии мелоди Паёмбари ислом , пӯиши миллӣ « ба ишқи Паёмбар ( с ) мебахшам » ба ҷиҳати озодии зиндониёни ғайриамд , барпои пӯиш бо унвони “ кӯдаки фаластинӣ , оромиши гумшуда “ , барпоии нишастҳои мутанаввиъ дар маҳкӯмияти истимрори наслкушӣ дар Ғазза бо унвони бедории уммати раҳматулиллъоламин , баргузории маҳофили Қуръонии вижаи туллоби хориҷӣ ва хонаводаҳо дар Эрон , иҷрои вижаи барномаи қиссагӯёни ваҳдат , барпои пӯиши байналмилалии сохти дурнои коғазӣ бо унвон “ ҷаҳон , кӯдаконро бубин “ ва маросими тақдиру таҷлил аз варзишкорон бавижа қаҳрамонону медоли оварони аҳли суннат дар арсаҳои байналмилалӣ баргузор мешавад .

Эрон , мунодии ваҳдати исломӣ

Тарҳи андешаи ваҳдати ҷаҳони ислом , аз ҷумлаи дағдағаҳои фикрии дерина ва асосии ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) буд ки дар тӯли даврони фаъолияти иҷтимоӣ ва сиёсии худ , чӣ қабл аз пирӯзии инқилоби исломӣ ва чӣ баъд аз он , лаҳзае аз ин мавзӯ ғафлат накард . Номгузории ҳафтаи Ваҳдат , ташкили конфаронсҳо ва семинарҳои байналмилалии ваҳдати исломӣ , ва таъсисӣ маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ба фармони Имом Хоминаӣ , беҳтарини шоҳиди гуё бар ин муддаост ки Ҷумҳурии Исломии Эрон , ҳамвора мунодии ростини ваҳдату иттиҳод дар ҷаҳон аст . Конфаронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ , яке аз бузургтарин таҷаллигоҳҳои ваҳдати мусулмонон ва арзандатарин ҳамоиши ҷаҳонии донишмандону андешмандони мазоҳиби исломӣ аст ки ҳамаи сола дар Эрон баргузор мешавад .

Ваҳдати исломӣ аз нигоҳи Имом Хумайнӣ ва Имом Хоманаӣ

 Имом Хумайнӣ ба унвони меъмору бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон дарбораи зарурати ваҳдати шиа ва суннӣ фармуданд : « Мо бо мусллимин аҳли тасаннун яки ҳастем воҳид ҳастем ки мусулмону бародар ҳастем ; Агар касе каломӣ бигӯяд ки боиси тафриқаи байни мо мусулмонҳо бишавад , бидонед ки ё ҷоҳил ҳастанд ё аз касоне ҳастанд ки мехоҳанд байни мусулмонон ихтилоф биндозанд ; Қазияи шиъа ва суннӣ аслан дар кор нест мо ҳама бо ҳам бародарем . » Имом Хоманаӣ Раҳбари инқилоби исломӣ ҳам ваҳдатро на як рафтори тактикӣ дар баробари душман балки асли исломӣ дониста ва фармуданд : « Набояд ба ваҳдат ба чашми тактики нигоҳ кард ; Ваҳдати як асли исломӣ аст . » Ишон ҳамчунин танҳо нусхаи шифобахш барои илоҷи дардҳои ҷаҳониро ислом , Ваҳдати унвон карданд .